Имрӯз  дар вазорати кишоварзии Тоҷикистон вохӯрии  вазири кишоварзӣ Қосим Роҳбар бо директори ҷамъияти саҳомии пӯшидаи (ҶСП) «Колнаг»-и Русия  Алексей  Алдошкин  доир гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати кишоварзии ҶТ, зимни вохурӣ тарафҳо дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба дар самти тухмипарварӣ  ва созмон додани  намояндагиҳо бо тамоми имконоти ташкили майдонҳои намоишӣ барои омӯхтани технологояи ҳозиразамони коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, дастрас намудани тухмии хушсифат,  изҳори ақида намуданд.

Ба иттилои манбаъ, ҶСП «Колнаг» тибқи шартномаи дутарафа бо  хоҷагии «Латиф Муродов»-и ноҳияи Ҳисор дар самти  дастрас намудани техника ва таҷҳизотҳои махсус, парвариш, захира ва фурӯши маҳсулоти барвақтии кишоварзӣ дар бозорҳои дохилии Тоҷикистон ва инчунин содироти  сабзавотҳои барвақтӣ, аз ҷумла  картошка, пиёз, сабзӣ, лаблабу ва турби тару тоза  ба вилоятҳи Свердловск ва Тюмени Федератсияи Русия  ҳамкориҳои самарабахш ба анҷом расонидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамзамон ширкати мазкур метавонад, дар оянда низ дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба, баҳри  фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан рушди техника ва технологияи коркарди маҳсулотҳои кишоварзӣ ва сабзавотҳои барвақтӣ ҳамкориҳои судмандро бо кишоварзони ноҳияи Ҳисор ба анҷом расонад.