Имрӯз дар меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси»-и пойтахт ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон ба кор шурӯъ намуд.

Чорабинӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии «Агентии миллии содирот ва сармоягузории KAZEX INVEST, Вазорати индустрия ва технологияҳои нави Қазоқистон дар ҳамдастӣ бо Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон созмон дода мешавад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ, ба ҳайати Қазоқистон беш аз 20 ширкатҳои содиротӣ ва ҳамчунин корхонаву ташкилотҳои тобеъи Вазорати индустрия ва технологияҳои нави ин кишвар шомиланд.

Дар ҷараёни кори ҳамоиш гуфтушунидҳои дуҷонибаи намояндагони ширкатҳои Қазоқистон бо доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон дар назар аст.