Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев вохӯрии мушовирони ширкати швейтсарии «Poyry Energy Ltd.» бо аҳли ҷомеаи шаҳри Душанберо маъқул донист, ки дар он доир ба варианти пешакии арзёбии таъсири иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва таҳқиқоти арзёбии фанниву иқтисодии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун маълумот дода хоҳад шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, ин вохӯрӣ санаи 16-уми август соати 09-00 дар КВД «Маркази равобити пойтахт» доир мегардад.

«Вохӯрии мазкур бо ташаббуси Гуруҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикии назди президенти ҶТ баргузор мешавад», - иттилоъ медиҳад манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, санаи 17-уми июн натиҷаҳои пешакии ташхиси лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун», ки таҳти сарпарастии Бонки ҷаҳонӣ гузаронида шуд, интишор шуданд.

Дар хулосаҳои коршиносон зикр мегардад, ки нерӯгоҳи «Роғун» комилан метавонад мувофиқи меъёрҳои байнулмилалии бехатарӣ сохта ва бидуни зарари экологӣ ба муҳити зист мавриди истифода қарор гирад. Барои ин ба лоиҳаи аввал танҳо каме тағийроти ночизе ворид кардан лозим асту халос.

Дар гузориш таъкид мегардад, ки дар сохтмони нерӯгоҳ ба сифати маҳаки асосӣ бояд бехатарии иншоот ба инобат гирифта шавад, зеро садама дар сарбанди нерӯгоҳ барои Тоҷикистон ва ҳамсоякишварҳои поёноби он фоҷеабор хоҳад буд.

Дар санади арзёбии фанииву иқтисодии лоиҳаи нерӯгоҳ, ки аз ҷониби ширкатҳои «Coyne & Bellier», «Электроконсалт» ва «Energy+Water Economics» омода шудааст, зикр мегардад, ки майдони интихобшуда барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҳарчанд аз лиҳози рух додани заминларза мушкил бошад ҳам, барои сохтмони иншоот қобили қабул аст.

Дар санад қайд мешавад, ки аз нигоҳи нафъи иқтисодӣ бунёди сарбанди баландиаш 330 метр интихоби беҳтарин мебошад, ки ба нерӯгоҳ барои истеҳсоли то 3600 мегаватт/соат нерӯи барқ имкон медиҳад ва дар ин сурат, нерӯгоҳ муддати 115 сол ба Тоҷикистон хизмат карда метавонад.

Аммо муаллифони таҳқиқот ҳамчунин қайд мекунанд, ки сохтмони нерӯгоҳ бояд бо назардошти имконот амалӣ гардида, барои кишвар «мушкилот» пеш наоварад.

Қобили зикр аст, ки таҳқиқот бо тақозои мухолифони сохтмони нерӯгоҳ ва дар навбати аввал бо талаби Ӯзбекистон гузаронида шуд.