Чанде қабл дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) вохӯрии соҳибкорон – аъзои Палата бо роҳбари Ташкилоти Ҷопон оид ба рушди савдои хориҷӣ (JETRO) Манабу Симоясиро ва ҳамоҳангсози ин ташкилот Нодира Муҳаммадқулова доир гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ПСС ҶТ, ҳадафи боздиди намояндагони Ташкилоти Ҷопон ба Душанбе фароҳам овардани шароит барои соҳибкорони ватанӣ – истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ҷиҳати тавсеъаи тиҷорат ва афзоиши сармоягузорӣ миёни Тоҷикистону Ҷопон тавассути иштироки онҳо дар намоишгоҳҳои байнулмилалӣ дар Ҷопон аст.

Муовини раиси ПСС ҶТ Одил Сангов дар ин робита изхор намудааст, ки имрӯз соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо Ҷопон таваҷҷуҳи зиёд доранд.

«Тоҷикистон бозори рақобатнокии баланд буда, бо кумаки шарикони мо, аз ҷумла Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон мо робитаҳои судманд бо доираҳои тиҷоратии кишварамонро роҳандозӣ намуда, барои тавсеъаи тиҷорат ва сармоягузории судманд барои тарафайн шароитҳои зарурӣ фароҳам меоварем», - гуфтааст Манабу Симоясиро.

Одил Сангов ҳамчунин зикр кардааст, ки Тоҷикистон ба Ҷопон маҳсулоти аз нигоҳи экологӣ тозаи истеҳсолкунандагони ватанӣ, аз ҷумла мева, ситрусӣ, шарбати сабзавоту мева, оби минералӣ, хушкмева, маҳсулоти растанипарварӣ, чорводорӣ ва дигар навъҳои маҳсулотро пешниҳод карда метавонад.