Рӯзи 26-уми август дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» дар пойтахт ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Эрон баргузор мешавад.

Бино ба маълумоти Палатаи савдо ва саноати ҶТ, дар кори ҳамоиш соҳибкорон ва сармоягузорони эронии манфиатдор ба роҳандозии ҳамкориҳо бо доираҳои соҳибкории Тоҷикистон дар бахшҳои саноати истихроҷи кӯҳӣ, истеҳсоли маҳсулоти ғизойӣ, масолеҳи сохтмон, кабелҳо, маҳсулоти саноати нафту кимиё, қубурҳои полиэтиленӣ, савдо, кишоварзӣ, асбобу лавозимоти рӯзгор ва ғайра ширкат хоҳанд варзид.

Ба иттилои манбаъ, ҳайати иборат аз ҳудуди 40 нафари Эронро раиси Палатаи савдо ва санаот ва кишоварзии Эрон Ғуломҳсейн Шофеӣ сарварӣ мекунад.

Ҳамчунин зикр гардид, ки чорабинии мазкур ба таҳкими робитаҳои корӣ миёни соҳибкорону тоҷирони ҳарду кишвар мусоидат хоҳад кард.