Чанде қабл миёни Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ва Фонди хазинадории амонатгузорӣ оид ба ҳамкории байнулмилалӣ (Олмон) шартнома дар бораи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, ҳадафи аслии имзои шартнома такони нав бахшидан ба рушди низоми бонкдории Тоҷикистон тавассути такмили ихтисоси мутахассисони низоми бонкии кишвар то сатҳи байнулмилалӣ аст.

Ба иттилои манбаъ, мавриди амали шартнома дарозмуҳлат буда, марҳилаи аввали он давраи аз 1-уми октябри соли 2014 то 1-уми сентябри соли 2017-ро дар бар мегирад.

«Дар ин давра ба омӯзиши дуалӣ (дар як вақт ҳам кору ҳам таҳсил) фаро гирифтани 250 нафар кормандони низоми бонкии ҷумҳурӣ дар назар аст», - гуфтанд дар БМТ.

Зимнан таъкид гардид, ки аксари қисмати машғулиятҳо амалӣ буда, дар ҷойҳои корӣ гузаронида мешаванд.