Донишкадаи идоракунии давлатӣ ва сиёсати Осиёи Марказӣ рӯзи 19-уми сентябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба рушди тиҷорати хурду миёна дар Тоҷикистон семинар барпо мекунад.

Тавре аз Донишкадаи мазкур хабар доданд, зимни ин чорабинӣ муҳаққиқи муассиса Канат Тилекеев дар бораи натиҷаҳои таҳқиқоти Донишкада дар Тоҷикистон дар робита ба ин масъала гузориш дода, ҳамчунин тавсияҳо барои рушди онро пешниҳод мекунад.

Қобили зикр аст, ки таҳқиқот ва семинар дар доираи амалисозии лоиҳаи «Рушди тиҷорати хурду миёна дар Осиёи Марказӣ», ки бо ташаббуси USAID ва Бунёди Оғо Хон роҳандозӣ шудааст, гузаронида мешавад.

Зимнан зикр гардид, ки дар кори семинар кормандони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, коршиносони мустақил ва намояндагони созмонҳои мададрасону иттиҳодияҳои тиҷоратӣ ширкат меварзанд.