Мизони таваррум моҳи октябр дар Тоҷикистон 0,2% ва дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ 5,7%-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо истинод ба Агентии омори ҷумҳурӣ, дар моҳи сентябри соли равон сатҳи таваррум муътадил ва устувор буд.

Нишондиҳандаи мазкур дар ин моҳ 0,2 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,1 фоиз паст аст. Дар давраи январ-сентябри соли ҷорӣ бошад, сатҳи таваррум, 5,7 фоизро ташкил дода, давоми 12 моҳ ин нишондиҳанда ба 6,6 фоиз баробар шудааст.

Гуфта мешавад, яке аз фишангҳои дигари сиёсати пулию қарзӣ - меъёри бозтамвил 3 октябри соли равон бо мақсади таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ бинобар зиёд гардидани таъсири фишорҳои таваррумӣ ба иқтисодиёт дар сатҳи 6,9 фоизи солона муқаррар карда шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии кишвар дар соли равонро дар мизони 7,5% нигоҳ дорад.

Дар ҳамин ҳол, сатҳи таварруми соли гузашта дар ҷумҳурӣ сабтшуда – 3,7% аз ҳама пасттарин дар замони истиқлолияти кишвар мебошад. То ин замон сатҳи нисбатан пасти таваррум соли 2012 ба қайд гирифта шуда буд, ки 6,4%-ро ташкил дода буд.