- Яке аз сабабҳои вазъи ногувори имрӯзаи нақби мошингарди «Истиқлол» ба шитобкорӣ роҳ додани ҳукумати Тоҷикистон дар ифтитоҳ ва мавриди истифода қарор додани он аст, - иброз дошт ба журналистон ваколатдори муваққатии умури Эрон дар Тоҷикистон Сайидмаҳмуди Садрӣ.

Ба гуфтаи ӯ, ширкати машғул ба сохтмони иншоот бояд дар муҳлати муқаррашуда нақбро ифтитоҳ мекард ва сипас онро дубора баста, тамоми камбудиҳоро бартараф месохт, вале ин кор сурат нагирифт. «Айни замон ду ширкат дар нақб ба корҳои таъмир машғул буда, аввали моҳи марти соли оянда нақб ба муддати 1 моҳ баста мешавад, то ки дар он корҳои сементрезиву бетонхобонӣ анҷом дода шаванд», - гуфт дипломат.

Ба андешаи дипломати эронӣ, созишнома дар бораи идомаи сохтмони нақби «Истиқлол» миёни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Вазорати роҳу шаҳрсозии Эрон аввали соли равон ба имзо расида, вале ин қарордод бояд пештар сурат мегирифт.

Бино ба гуфти Сайидмаҳмуди Садрӣ, нақби Анзоб дар чунин мавзеъе воқеъ аст, ки ба андешаи коршиносон, барои сохтмони нақб бинобар сабаби зиёд будани обҳои зеризаминӣ мушкилтарин мебошад, зеро аз маҷрои нақби ёрирасон ба мушоҳида мерасад, ки гӯё он ҷо як дарёи бутун равон аст.

«Ҷиҳати дигар он аст, ки ин лоиҳа аз ҷониби Русия таҳия гардида, агар ҳама чиз ба ҷониби Эрон вобаста мебуд, мо лоиҳаи нав омода мекардем ва камбудиҳои лоиҳаи аввалро бартараф месохтем, вале ҷониби Тоҷикистон дар амалисозии лоиҳа шитоб доштанд ва мо маҷбур будем, ки корҳоро оғоз намоем. Ин фаҳмо буд, чунки Тоҷикистон ба ин иншооте, ки марказро бо минтақаи шимоли кишвар мепайваст, эҳтиёҷи зиёд дошт. Дар сохтмони худи нақб мушкилот вуҷуд надошт», - қайд кард. С.Садрӣ.

Дипломати эронӣ ваъда дод, ки соли оянда мардуми тоҷик нақби ҷавобгӯ ба ҳама меъёрҳоро соҳиб хоҳад шуд ва айни замон дар накби «Истиқлол» ҳеҷ мушкилоти фанние ҷой надорад.

«Зикр карданиам, ки мутахассисони эронӣ ба амалисозии чунин вазифаҳо қодиранд ва дар сатҳи тахассусии онҳо низ ҳеҷ шакке нест. Солҳои аввали баъди инқилоби исломӣ каме мушкилтар буд ва барои сохтмони нақбҳо мутахассисони хориҷӣ даъват мешуданд. Имрӯз ба ин зарурате нест ва дар Эрон садҳо нақбҳои гуногун сохта шуданд. Аз ин рӯ, бори дигар ба шумо итминон медиҳам, ки мутахассисони эронӣ ба сохтмони нақбҳои душвориашон гуногун қодиранд», - афзуд Садрӣ.

Ёдрас мекунем, ки соли 2003 Тоҷикистону Эрон дар бораи идомаи сохтмони нақби «Истиқлол» созишнома ба имзо расонида, ҳаҷми маблағгузорӣ 39 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Аз ин миқдор 10 млн. $ маблағгузории бурсии ҳукумати Эрон, 7,8 млн. $ - ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон ва 21,2 млн. $ - қарзи ҷониби Эрон буд. Ҳарчанд маросими ба истифода додани он ҳанӯз соли 2006 доир гардида бошад ҳам, сохтмони он то ҳанӯз идома дорад.

Қаблан ҳукуматҳои Тоҷикистону Эрон ба мувофиқа расида буданд, ки барои комилан ба анҷом расидани сохтмони нақб дар ҳаҷми 6 млн. $ иловатан маблағгузорӣ мекунанд. Ҷонибҳо уҳдадор шуда буданд, ки барои иҷрои корҳои боқимонда дар нақб ҳар кадоме 3 млн. $ маблағ ҷудо мекунанд.

Моҳи апрели соли ҷорӣ ширкати эронии «Собир» корҳои идомаи сохтмони нақбро пас аз гузаронидани миқдори дуюми маблағ дар ҳаҷми 1,9 млн. $ ба суратҳисоби махсуси маблағгузорӣ ба идомаи сохтмони нақби «Истиқлол» барқарор кард.

Маблағи Тоҷикистон саривақт ба суратҳисоби муштарак гузаронида шуд, аммо ҷониби Эрон танҳо 1,1 млн. $ маблағ гузаронида тавонист. Дар робита ба маблағгузории нопурра паймонкори сохтмони иншоот – ширкати «Собир» он замон тамоми корҳоро мутаваққиф кард.

Моҳи июли соли ҷорӣ роҳбари Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати ҶТ Сиҷоуддин Саломзода аз вазъи кунии нақби «Истиқлол», ки минтақаҳои марказиву шимоли ҷумҳуриро ба ҳам мепайвандад, нигаронӣ изҳор намуд.

Нақби «Истиқлол» бо масофаи беш аз 5 километр дар ағбаи Анзоб воқеъ буда, қисмати шимолии кишвар бо маркази ҷумҳуриро мепайвандад. Сарфи назар аз ба истифода додани нақб, сохтмони он то ҳанӯз нотамом боқӣ мемонад. Оби то ҳанӯз мудом ҷоришаванда дар дохили нақб роҳро хароб карда истодааст.

Даҳаи дуюми моҳи апрели соли 2013 палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Ёддошти тафоҳуми иловагӣ байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Эрон оид ба иҷрои бозсозии нақби «Истиқлол» дар Тоҷикистонро тасдиқ карда буд. Зимни шарҳи Ёддошти мазкур ба вакилон вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Низом Ҳакимов изҳор намуд, ки мақсад аз тасдиқи санади мазкур анҷоми боқимондаи лоиҳа буда, ҷиҳати иҷрои корҳои боқимондаи лоиҳавӣ Тоҷикистон 3 млн. доллари ИМА ва Эрон низ 3 млн. доллари ИМА маблағи бурсӣ ҷудо мекунанд.