- Ахири моҳи сентябр ҷамъоварии ҳосили зироати кишти тирамоҳӣ ва баҳорӣ дар Тоҷикистон ба итмом расид, - иттилоъ медиҳад Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ бо истинод ба гузориши Ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ (FAO) «Низоми ҷаҳонии иттилоот ва огоҳкунии пешакӣ оид ба мушкилоти ғизо ва бахши кишоварзӣ» (GIEWS).

Бино ба маълумоти гузориш, соли 2014 ҳаҷми истеҳсоли гандум дар ҷумҳурӣ 745 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта 4% камтар аст. «Коҳиши истеҳсоли гандум натиҷаи ҳосилнокии нисбатан пасттар бар асари камбуди об барои обёрӣ дар давраи нашъунамо ва ҳамчунин коҳиши начандон зиёди майдонҳои кишт аст ва ҳамин тариқ, истеҳсоли ҷуворимакка низ дар соли 2014 нисбат ба соли гузашта 7% кам шуда, 100 ҳазор тоннаро ташкил додааст», - омадааст дар гузориш.

Дар гузориш таъкид мегардад, ки ҳаҷми умумии ҳосили зироати ғалладона дар Тоҷикистон дар соли 2014 ба миқдори 1,1 млн. тонна арзёбӣ мешава, ки дар муқоиса бо ҳосили соли гузашта 3% камтар аст.

Таҳлилгарони FAO бар ин назаранд, ки Тоҷикистон ба воридоти маҳсулоти зироати ғалладона, асосан гандум хеле вобаста аст, ки қариб 98% аз ҳаҷми умумии талабот ба воридоти зироат ғалладонаро ташкил медиҳад.

Дар давраи солҳои 2014-2015 воридоти 1,05 млн. тонна гандум пешгӯӣ мешавад, ки нисбат ба сатҳи соли гузашта ба ҳисоби миёна 4% зиёдтар аст. Гандум ва ҷав асосан аз Қазоқистн ва шолӣ асосан аз Русия ворид карда мешавад.

Зимнан зикр мегардад, ки моҳи сентябр нархи орди гандум дар Тоҷикистон каме муътадил гардида, ба нишондиҳандаҳои ҳамин давраи соли гузашта наздик шудааст.