Дар рафти Намоишгоҳи байналмилалии «Продэкспо -2015» дар шаҳри Маскав ширкати «Оро Исфара»-и Тоҷикистон бо ширкатҳои «Фруктовие линии»-и Русия оид ба хариду фурӯши хушкмева ба маблағи 1 миллион доллар паймон баст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, ҳамчунин паймони сеҷониба байни «Оро Исфара», «Фруктовие линии» ва ширкати «Santa vita»-и Туркия оид ба интиқоли мева ва хушкмева ба Туркия ва кишварҳои Аврупо ба имзо расид.

Гуфта мешавад, ширкатҳои «Субҳи Ватан» ва «Баракат» низ бо ширкатҳои Русия оид ба фурӯши сабзавоту мева ва хушкмеваи Тоҷикистон ба минтақаҳои Русия гуфтугузор доранд.