Кэтрин Смиттон ба ҷои Тим Ҷонс сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон таъин  гардид.

Сомонаи Вазорати корҳои хориҷӣ, иттиҳод ва рушди Британияи Кабир рӯзи 2‑юми май дар хусуси иваз шудани сафир дар Тоҷикистон хабар нашр карда, гуфт, хонум Кетрин Смиттон ҷойгузини Тим Ҷонс хоҳад шуд. Мавсуф фаъолияти  худро аз моҳи октябри соли равон  шурӯъ мекунад.

Тағйироти мазкур пас аз як ҳафтаи сафари Девид Кемерон, вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир ба Тоҷикистон сурат гирифт.

Кемерон рӯзи 22‑юми апрел ба Тоҷикистон омад. Ӯ дар давоми сафари худ бо президенти кишвар ва ҳамтои тоҷикаш мудлоқот карда, аз НБО Норак боздид кард.

Бояд гуфт, ки сафири нав Кетрин Эллен Смиттон қаблан дар намояндагиҳои  дипломатии  Британияи Кабир дар кишварҳои Покистон ва Алҷазоир фаъолият намудааст. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.