Коршиносони байнулмилалӣ бар ин назаранд, ки мисоли поинравии бесобиқаи қурби арзи миллии Тоҷикистон гувоҳи он аст, ки иқтисоди хурди кушода ба дар як сатҳ сабт кардани асъори худ қодир нест.
Дар гузориши навбатии интишоршудаи Ҷамъияти ҳамкории байнулмилалии Олмон (GIZ) «Гузориши иқтисодии Тоҷикистон» бо истинод ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон дар ин робита қайд мешавад, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ қурби пули миллии Тоҷикистон нисбат ба доллари ИМА 20% аз рӯи қурби бозор ва 18% аз рӯи қурби расмӣ коҳиш ёфт.
Муаллифони гузориш чунин мешуморанд, ки «сомонӣ нисбати доллар беқурб нашудааст, балки доллари ИМА нисбати сомонӣ ва дигар асъор дар ҷаҳон гарон шуд». Онҳо зикр мекунанд, ки ба туфайли афзоиши нисбатан пурзӯри иқтисоди ИМА, коҳиши барномаи «сабуксозии шуморӣ» ва баргузории муборизахои асъорӣ, арзи миллии амрикоӣ тайи солҳои ахир хеле мустаҳкам шуд.
«Тибқи маълумоти Бонки федералии захиравии ИМА, шурӯъ аз соли 2013 то нимаи соли 2015 асъори асосии ҷаҳон (евро, фунти англисӣ, франки швейтсарӣ ва йена) нисбат ба доллари ИМА ба андозаи 22% беқурб шуданд. Ширкати молиявии Goldman Sachs маълумот дод, ки дар ин давра асъори кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта дар муқоиса бо доллари ИМА ҳудуди 27% аз арзиши худро аз даст додаанд. Аз моҳи январи соли 2013 пули миллии Тоҷикистон нисбат ба доллари ИМА тақрибан 30% беқурб шуд», - таъкид мешавад дар гузориш.
Гуфта мешавад, ҳарчанд нишондиҳандаҳои беқуршавӣ монанд бошанд ҳам, фарқ миёни беқурбшавии сомонӣ нисбат ба дигар асъорҳои бозорҳои рушдёбанда дар ҷараёни он ифода меёбад.
«Ба ҳисоби миёна, беқурбшавӣ дар иқтисодҳои дар ҳоли рушд қарордошта тадриҷан сурат гирифт. Тоҷикистон бошад, баръакс, аввал сомониро сабтшуда нигоҳ дошта, давоми 12 моҳи ахир ба беқурбшавии босуръат дучор шуд», - қайд мекунанд онҳо.
Дар хулоса муаллифони гузориш қайд мекунанд, ки «намунаи Тоҷикистон бо дигар ҳолатҳои сершумор ҳамсон буда, гувоҳи онанд, ки иқтисоди хурд ба сабти асъори худ дар як сатҳ қодир нест. Дар ниҳояти кор, қурби мубодилаи асъори миллӣ тағийр ёфта, тавозуни навро ба худ касб мекунад».
Марги 4 узви як хонадони тоҷик дар пайи сухтор дар Русия
Боздошти марде, ки ронандаи автобусро латукӯб кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Роҳи амон мондан аз хашми Худо”
Нурулло Абдуллоев: “Дар марги Маҳмудҷон Воҳидов на танҳо театр, балки тамоми Тоҷикистон мотам дошт”
“Агар пора мегирифтам, сутунҳои хонаам аз тилло мешуд”. Сайфулло Сафаров 70-сола шуд
“Рухсатнома надорем”. Интиқоли мол аз Чин муваққатан қатъ шудааст
Дар Русия рақами ягонаи машваратӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон роҳандозӣ шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Воиз ва дуо барои гумроҳон”
Суроға ва телефони марказҳои омӯзиши забони кореягӣ. Барои сафар ба Корея дар куҷо ва чӣ гуна бояд омода шуд?
Рӯзи рақобати дуюми “уқоби тоҷик” дар UFC маълум шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста