Давоми моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон беш аз 2 млрд. 426,6 млн доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи қариб 20% ё худ 589,5 млн. доллари ИМА камтар аст. Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон аз ҳисоби 25% коҳиши воридоти маҳсулот кам шуд.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тӯли 7 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи умумии ҳудуди 1,9 млрд. доллари ИМА маҳсулот ворид карда шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 621 млн. доллари ИМА камтар аст.
Гуфта мешавад, коҳиши ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар навбати аввал ба кам шудани савдо бо Чин (21%), Қазоқистон (13,8%) ва Русия (8,6%) вобаста аст, ки шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон мебошанд.
Тавозуни савдои Тоҷикистон дар ин давра манфӣ ва 1,3 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми маблағи содирот 560 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ-июли соли 2014 ба миқдори 32 млн. доллари ИМА ё худ 6,1% зиёдтар аст.
Дар ин давра шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон - Русия (628 млн. $), Қазоқистон (405 млн. $), Чин (342 млн. $), Швейтсария (209 млн. $), Туркия (207 млн. $), Ямайка (155 млн. $) ва Эрон (106 млн. $) маҳсуб меёбанд.
Марги 4 узви як хонадони тоҷик дар пайи сухтор дар Русия
Боздошти марде, ки ронандаи автобусро латукӯб кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Роҳи амон мондан аз хашми Худо”
Нурулло Абдуллоев: “Дар марги Маҳмудҷон Воҳидов на танҳо театр, балки тамоми Тоҷикистон мотам дошт”
“Агар пора мегирифтам, сутунҳои хонаам аз тилло мешуд”. Сайфулло Сафаров 70-сола шуд
“Рухсатнома надорем”. Интиқоли мол аз Чин муваққатан қатъ шудааст
Дар Русия рақами ягонаи машваратӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон роҳандозӣ шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Воиз ва дуо барои гумроҳон”
Суроға ва телефони марказҳои омӯзиши забони кореягӣ. Барои сафар ба Корея дар куҷо ва чӣ гуна бояд омода шуд?
Рӯзи рақобати дуюми “уқоби тоҷик” дар UFC маълум шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста