Коршиноси амрикоӣ оид ба Осиёи Марказӣ Брюс Панер бар ин назар аст, ки бидуни ҷалби маблағгузории беруна Тоҷикистон лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғунро амалӣ карда наметавонад.

Ба андешаи ӯ, барои мустақилона сармоягузорӣ кардан ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун Тоҷикистон воситаҳо надорад. «Сармоягузорони имконпазири хориҷӣ аз вориди баҳс шудан миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон андеша карда, аз иштирок дар лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳ худро канор мегиранд, ҳарчан Эрон гоҳ-гоҳ ба иштирок дар лоиҳа ҳавасмандӣ зоҳир мекунад», - гуфтааст Брюс Панер ба агентии иттилоотии озарбойҷонии Trend тариқи почтаи электронӣ.

Коршинос қайд кардааст, ки ба мухолифати Ӯзбекистон нисбати сохтмони ин иншоот якчанд сабабҳо вуҷуд дорад. «Аввал, Ӯзбекистон чунин мешуморад, ки сохтмони чунин сарбанди баланд дар минтақаи фаъоли сейсмикӣ (зилзила) хатарнок аст ва агар сарбанд рахна шавад, минтақаҳои поёноби маҷро, аз ҷумла минтақаҳои шарқи Ӯзбекистон зери об мемонанд», - иброз доштааст коршинос.

Панер дар идома зикр кардааст, ки Ӯзбекистон бар ин назар аст, ки ҳангоми пур кардани обанбори нерӯгоҳ ба дарёи Амударё камтар об ҷорӣ мешавад, ки ин ба бахши кишоварзии минтақаҳои поёноби Ӯзбекистон таъсири манфӣ мерасонад.

«Боз як сабабаи дигари мухолфиати Ӯзбекистон дар он ифода меёбад, ки дар сурати анҷоми сохтмони нерӯгоҳ, Тоҷикистон натанҳо барои истифодаи дохилии худ, балки ба содироти нерӯи барқ ба Афғонистону Покистон ва шояд ҳатто Ҳиндустон ҳам имкони кофӣ пайдо мекунад», - қайд кардааст коршинос.

Ӯ таъкид доштааст, ки «Ӯзбекистон ҳам ҳамин тавр карданӣ аст, вале агар нерӯгоҳи Роғун бо иқтидори 3600 мегаватт сохта шавад, ӯ дигар чунин имконро пайдо нахоҳад кард».

Дар навбати худ, гуфтааст дар идома Панер, Тоҷикистон тасдиқ мекунад, ки ҳатто агар заминларза рух диҳад ҳам, нерӯгоҳи Роғун бехатар хоҳад буд ва исрор меварзад, ки ҳангоми пур кардани обанбор ба Ӯзбекистон ҳеҷ зиёне намерасад (бо назардошти ҳаҷми обанбор, ин кор метавонад муддати якчанд сол идома ёбад).

Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҶТ , шурӯъ аз соли 2007 бо таъсиси ҶСК «НБО Роғун» ба идомаи сохтмони ин иншоот беш аз 6 млрд. 435 млн. сомонӣ маблағ равона гардид. Ғайр аз ин, барои харидории таҷҳизоти нерӯгоҳи Роғун аз ҳисоби воситаҳои бадастомада аз фурӯши саҳмияҳои ҶСК «НБО Роғун» ҳудуди 327 млн. сомонӣ маблағ масраф шудааст.

Дар маҷмӯъ аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун ҳудуди 860 млн. сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ шуд, ки қисмате аз ин воситаҳо дар суратҳисобҳои амонатии бонкҳои ҷумҳурӣ гузошта шудаанд.