Зимни сафари корӣ ба шаҳри Сарбанд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба оғози марҳилаи дуюми таҷдиду азнавсозии корхонаи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Азот» санги асос гузошт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, 3 сентябри соли 2016 бо дастгирии бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати «Хэнан Чжун-Я гуруҳи холдингӣ»-и Чин Созишномаи сармоягузорӣ «Оид ба таҷдид ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли аммиак ва карбамид дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон дар заминаи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Азот» ба имзо расонида шуд.

Барои таҷдиди дастгоҳу таҷҳизотҳои технологӣ ҷиҳати ба фаъолият даровардани онҳо бо истифода аз ангишт ва бунёди коргоҳҳои нави истеҳсолии аммиак ва карбамид 360 миллион доллар ҷудо карда мешавад.

Лоиҳаи таҷдиди корхона ва бунёди коргоҳҳои нави истеҳсолӣ дар ду марҳила анҷом меёбад. Корхона дар масоҳати 6 гектар замин ҷойгир шуда, сарфи солонаи ангишт барои истеҳсолот 200 ҳазор тонна мебошад. Тибқи маълумоти пешакӣ бо анҷом ёфтани лоиҳаи таҷдиди корхона ва бунёди коргоҳҳои нави истеҳсолӣ 1000 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад.

Қобили зикр аст, ки қаблан (аз соли 2004) 75%-и саҳмияҳои корхонаи «Тоҷик Азот» ба миллиардери украинӣ Дмитрий Фирташ, 20%-аш ба ҳукумати Тоҷикистон ва 5%-и саҳмияҳои корхона ба Хайрулло Саидов, писари соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов тааллуқ доштанд. Моҳи июни соли 2014 суди иқтисодии вилояти Хатлон корхонаро миллӣ эълон кард.