Парвози нахуст тавассути хатсайри Тошканд - Душанбе - Тошкандро ширкати миллии ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» аввали моҳи апрел (4 апрел) ба иҷро расонида, парвоз тариқи ин хатсайр ду маротиба дар як ҳафта - рӯзҳои сешанбе ва шанбе сурат мегиранд.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ширкати ҳавопаймоии кишвари ҳамсоя, парвозҳо бо ҳавопаймоҳои навъи А-320 анҷом дода мешаванд. Аз 26 март ширкати ҳавопаймоии Ӯзбекистон ба ҷадвали мавсими тобистонии иҷрои парвозҳо мегузарад, ки ба ин ҷадвал хатсайр ба Душанбе низ дохил шудааст.
Аз ҷониби ширкати тоҷикистонии «Сомон Эйр» кай оғоз гардидани парвозҳо ба пойтахти Ӯзбекистон алҳол номаълум аст.
Тавре ҷониби Тоҷикистон қаблан изҳор намуда буд, парвози ҳавопаймоҳо бо хатсайри Душанбе - Тошканд - Душанбе 20 феврал оғоз мешаванд, вале Тошканд бо ишора ба ҳаллу фасл нашудани масъалаҳои техникӣ, қабули ҳавопайморо рад кардааст.
Зимнан дар номаи ширкати миллии ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» ба унвони мақомоти Тоҷикистон аз интишори маълумоти носаҳеҳи ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» доир ба парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба Тошканд норозигӣ изҳор шуда, зикр гардида буд, ки пеш аз пешниҳоди маълумот, ширкати тоҷикистонӣ мебоист ҳама паҳлӯҳои масъаларо месанҷид.
Қайд шуда буд, ки мақомоти авиатсионии Ӯзбекистон барои анҷоми парвозҳо ба як муҳлати муайян (чартерӣ) дархост гирифтаанд, на барои анҷоми парвозҳо тариқи хатсайрҳои мунтазам. Дархост танҳо рӯзи якшанбе, 19 феврал ва 1 рӯз пеш аз иҷрои парвозҳо тавассути хатсайрҳои мунтазам қабул шудааст. Табиист, ки таъкид мешавад дар нома, барои қабули қарор фурсат хеле кам буд.