Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, соли 2018 дар Тоҷикистон беш аз 262 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст, нисбат ба соли 2017 зиёда аз 13 ҳазор тонна зиёдтар аст.
Соли 2018 бо қарори ҳукумат меъёрҳои физиологии тавсияшудаи истеъмоли маҳсулоти асосии хӯрокворӣ барои ҳар сари аҳолӣ тасдиқ шуда, меъёри истеъмоли гӯшт 40,8 килоро ба ҳар сари аҳолӣ дар як сол ташкил медиҳад.
Тибқи маълумоти Хадамоти гумрук, тӯли 11 моҳи соли 2018 ба ба Тоҷикистон беш аз 24 ҳазор тонна гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ аз хориҷи кишвар ворид шудааст.
Дар ин давра ҳамчунин саршумори чорвои калони шохдор низ афзуда, ба наздики 2,4 млн. сар расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 – 1,2% зиёдтар мебошад. Саршумори гӯсфанд ва буз низ зиёд шуда, айни замон шумори чорвои хурд дар кишвар ба наздики 6 млн. сар баробар аст.
Бо вуҷуди афзоиши истеҳсоли гӯшт ва зиёд шудани саршумори чорво, нархҳо ба гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ баланд боқӣ мемонанд. Айни замон нархи як кило гӯшт дар бозорҳои пойтахт ба 40-42 сомонӣ баробар аст.
Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста