Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон наздики 964 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 3,1% зиёдтар мебошад.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми моҳҳои январ марти соли 2019 аз ҷумҳурӣ ба маблағи 244 млн. доллар молу маҳсулот содирот шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2018 – 0,3 фоиз ё худ 700 ҳазор доллар зиёдтар аст.
Дар сохтори молҳои содироти зиёда аз 40% - ба маҳсулоти минералӣ, 19% - ба металлҳои арзон ва маснӯот аз он (асосан алюминий) ва 18% - ба молу маҳсулоти саноати дӯзандагиву бофандагӣ (текстил) рост меояд.
Тӯли се моҳи соли 2019 ба ҷумҳурӣ ба маблағи 720 млн. доллар маҳсулот ворид шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2018 – 41% ё худ 28 млн. доллар бештар мебошад.
Дар сохтори воридот бештар воситаҳои нақлиёт, мошину таҷҳизот (20%), маҳсулоти минералӣ (20%) ва маҳсулоти растанӣ (12%) афзалият доранд.
Ҳамин тариқ, касри (камбуди) тавозуни савдои Тоҷикистон дар се моҳи соли 2019 ба 476 млн. доллар баробар шуд.
Семоҳаи аввали соли 2019 Тоҷикистон бо 90 кишвари дунё муомилоти молӣ анҷом дод. Шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Русия боқӣ монда, ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Русия тӯли се моҳ 230 млн. доллар (қариб чоряк аз ҳаҷми умумӣ)-ро ташкил дод.
Тӯли се моҳи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон ҳамчунин бо Қазоқистон - ба маблағи 203 млн., Чин –118 млн., Туркия –90 млн. доллар муомилоти молӣ анҷом додааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.