Нӯҳ кишвари Осиёи Марказӣ (ОМ) ва Ғарбӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон баёния таърихиро ба имзо расониданд, ки ба ҳамкории фаромарзӣ оид ба масоили энергетикӣ суръат бахшида, минтақаро ба таъсиси бозори энергетикӣ боз як қадам наздиктар месозад.
Санад аз ҷониби роҳбарони ниҳодҳои энергетикии Афғонистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Муғулистон, Покистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳафтаи гузашта аз рӯйи натиҷаҳои Муколамаи вазирони кишварҳои узви созмони Ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) дар Тошканд ба имзо расид.
Намояндагони Бонки осиёии рушд, ки Котиботи ЦАРЭС мебошад, зикр карданд, Эъломия минтақаро ба роҳи ислоҳоти сареътар бо иштироки васеи бахши хусусӣ ва сармоягузорӣ, густариши робита ва табодули таҷриба миёни кишварҳо дар соҳаи энергетика, нияти қотеонаи истифодаи энергияи барқароршаванда ва технологияҳои тоза равона месозад.
Вазирон инчунин стратегияи нави энергетикии ЦАРЭС-ро барои 10 соли минбаъда маъқул шуморданд, ки барои расидан ба ҳадафҳои минтақа - ояндаи бехатари энергетикӣ ба сифати харитаи роҳ хизмат мекунад.
Зикр гардид, ки барои таъмини идомаи рушди энергетика дар минтақа ва қонеъ сохтани талаботи дар ҳоли афзоиш ба захираҳои энергетикӣ, минтақаро лозим аст, иқтидори ҷории низоми энергетикиро ду баробар зиёд кунад. Афзоиши иқтидорҳо сармоягузории назаррасро тақозо мекунад, ки то соли 2030 дар маҷмӯъ наздики 400 млрд. долларро ташкил медиҳад.
Барномаи Ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ бо ташаббуси Бонки осиёии рушд соли 2001 таъсис дода шуд. Озарбйҷон, Афғонистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Чин, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон кишварҳои узви Барнома мебошанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.