Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров корҳои таъмиру навсозии НБО-и Норакро ба сохтмони нерӯгоҳи иқтидораш миёна баробар донист.
Раиси палатаи поёнии парлумон рӯзи сешанбе зимни тасдиқи созишнома дар бораи аз ҷониби Фонди авруосиёии субот ва рушд ҷудо шудани 40 млн. доллар қарз барои корҳои таъмиру таҷдиди нерӯгоҳи Норак зикр кард, ки пас аз анҷоми пурраи ин корҳо иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳ 300 МВт зиёд мешавад.
“Баъд аз таъмиру навсозӣ нерӯгоҳ дар ҳолати хуби коршоямӣ қарор хоҳад гирифт”, - гуфт Зуҳуров.
Барои муқоиса, иқтидори лоиҳавии НБО “Сангтӯда-2” – 220 МВт ва НБО “Қайроққум” – 126 МВт-ро ташкил медиҳад.
Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо такя ба баҳодиҳии пешакии мутахассисон таъкид дошт, ки пас аз комилан ба анҷом расидани корҳои таъмиру таҷдиди НБО Норак иқтидори лоиҳавии он 10% – аз 3000 МВт то 3300 МВт меафзояд.
Ба гуфтаи ӯ, арзиши умумии марҳилаи аввали лоиҳаи таъмиру навсозии нерӯгоҳи Норак 350 млн. долларро ташкил медиҳад.
Вазир қайд кард, ки дар баробари қарзи Фонди авруосиёии субот ва рушд, барои иҷрои ин корҳо ҳамчунин аз Асотсиатсияи байнулмилалии рушд дар ҳаҷми 226,9 млн. доллар (57,8 млн. ба сифати грант ва 169,1 млн. – қарз) ва аз Бонки осиёи сармоягузории зерсохторӣ дар ҳаҷми 60 млн. доллар маблағ дастрас шудааст.
Айни замон баҳри амалисозии марҳилаи аввали лоиҳа ҷустуҷӯйи 23,1 млн. доллар маблағи боқимонда идома дорад.
Қобили зикр аст, ки лоиҳаи таъмиру навсозии нерӯгоҳи Норак ба ду марҳила тақсим шуда, арзиши умумиаш ба 700 млн. доллар баробар аст.
Корҳои таъмиру навсозии нерӯгоҳ соли гузашта оғоз шуда, анҷоми пурраи он соли 2028 дар назар аст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.