Корхонаи пур аз тиллову нуқра – ин ҷо ангуштариву ороишот, туҳфаҳо ва тангаю медалҳои хотиравӣ истеҳсол мекунанд. 5 кило тиллову 7 кило нуқра дар як моҳ ба маснуоти ҳайратангез табдил меёбанд.

Чӣ гуна? Ровии барномаи Made in Tajikistan Рафаэл Гулов нақл кардаву намоиш медиҳад ва ҳатто кӯшиш мекунад, ки дар ҷараёни истеҳсоли онҳо ширкат варзад.

Made in Tajikistan – лоиҳаи нави видеоии “Азия-Плюс” мебошад. Ровии мо – блогери шинохта Рафаэл Гулов аз корхонаҳои бузург ва хурди кишварамон, ки ба рушди иқтисод саҳм мегузоранд, боздид мекунад. Ӯ дар видеогузориши худ маълумот медиҳад, ки ин корхонаҳо чӣ истеҳсол мекунанд, киҳо фаъолият менамоянд ва ба куҷо маҳсулоти худро мефиристанд. Мо ҳам истеҳсолот дорем ва дар он одамони зиёд кор мекунанд!

Шарики кулли лоиҳаи мо яке аз ширкатҳои соҳибтаҷриба дар соҳаи тарроҳӣ ва бунёди иншооти энергетикӣ – ҶСП “ТАДЭС” мебошад. “ТАДЭС” – 81 сол дар саргаҳи сохтмони саноат.

Шарики расмии лоиҳа Фонди ҷамъиятии Accelerate Prosperity (“Соҳибкорӣ ва рушд”) – бизнес-инкубатор мебошад, ки барои оғоз бахшидани лоиҳаҳо ба маблағи то 50 ҳазор доллар кумак мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.