Дорандагони кортҳои бонкии низоми миллии пардохти “Корти миллӣ” аз рӯзи душанбе дучори мушкилот шудаанд. Одамон шикоят доранд, ки пардохти пули маҳсулоту хизматрасониҳо бо ин кортҳо имкон надошта, инчунин аз кортҳо пули нақд гирифта наметавонанд.
Дар Маркази протсессингии низоми пардохти “Корти миллӣ” ҳанӯз рӯзи 12-уми май ба “Азия-Плюс” итминон дода буданд, ки ин мушкилоти техникиро мутахассисон то охири рӯз бартараф месозанд.
Вале мушкил қисман ҳал шудааст: ҳозир хизматрасонии Amonat Online ва SMS-Payamak фаъол аст. Лекин аз корт пули нақд гирифта намешавад.
Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк”, ки оператори низоми пардохти “Корти миллӣ” аст, имрӯз, 13-уми май хабар дод, ки мутахассисон ба ҳалли масъала машғуланд.
“Муштариёне, ки ба пули накд ниёз доранд, метавонанд бо шиноснома ва корти худ ба филиалҳои Бонк, ки аз он ҷо корти худро гирифтаанд, ҳозир шуда, маблағи зарурии худро дастрас намоянд”, - қайд мешавад дар хабари “Амонатбонк”.
Гуфта мешавад, мушкили техникии “Корти Миллӣ” дар кӯтоҳтарин фурсат бартараф мешавад.
Аммо дорандагони “Корти миллӣ” аз он норозиянд, ки “ба ҷойи худро дар замони пандемия ҷудо нигоҳ доштан, мо бояд ба шуъбаи бонкҳо рафта, навбатпойӣ кунем ва ҳаёти худро дар хатар гузорем”.
Қобили зикр аст, ки ҳамаи кормандони буҷет ва нафақахӯрон маош ва нафақаҳои худро танҳо тариқи “Корти миллӣ” мегиранд. Имрӯз онҳо ба гирифтани пулҳои худ имкон надоранд.
Тибқи маълумоти “Амонатбонк”, кортҳои бонкии низоми миллии пардохти “Корти миллӣ” ба ҳамаи хоҳишмандон дода мешаванд.
Бино ба иттилои Бонки миллӣ, имрӯз аз ҷониби ташкилотҳои молиявии Тоҷикистон кортҳои Низоми миллии пардохти “Корти миллӣ”, низомҳои байнулмилалии пардохти VISA ва Mastercard, кортҳои кобрендингии низомҳои пардохти UnionPay ва НМП “Корти миллӣ”, кортҳои дохилии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба муомилот бароварда мешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.