Иқтисоди кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ соли 2020 ба андозаи 1,7% кам мешавад ва ин ҳам дар муқоиса бо сатҳи 4,9% -и афзоиш дар соли гузашта.
Дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ “Шарҳи иқтисод дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ: COVID-19 ва сармояи инсонӣ” қайд мешавад, ки пандемияи коронавирус ба кишварҳои минтақа ба таври гуногун таъсир расонид.
Гуфта мешавад, соли ҷорӣ поинравии иқтисод дар Қазоқистон ба андозаи 2,5% ва Қирғизистон - 5,5% пешбинӣ мешавад. Дар Тоҷикистону Ӯзбекистон поинравӣ сурат нагирифта, лекин суръати афзоишии ММД начандон назаррас хоҳанд буд: 1,6% дар Тоҷикисто ва 0,6% дар Ӯзбекистон. Ин нишондиҳандаҳо соли гузашта мутаносибан 7,5% ва 5,6%-ро ташкил медоданд.
Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ бар ин назаранд, ки мушкилиҳои иқтисодии бар асари пандемия пайдошуда ба афзоиши сатҳи камбизоатӣ дар ҳамаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ боис мегарданд.
“Бо ҳисоби ҳадди камбизоатӣ 3,20 доллар дар як рӯз то 1,4 млн нафар дар сафи аҳолии камбизоат қарор гирифта метавонанд”, - пешгӯйӣ кардаанд онҳо.
Муаллифони гузориш таъкид месозанд, ки соли 2021 афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохлии Тоҷикистон ба 3,7% расида метавонад.
“Аммо ин пешгӯйӣ ба дастовардҳо дар таҳияи ваксина ё дору аз COVID-19, инчунин барқарор шудани ҳаҷми интиқоли маблағ ва суръати савдои беруна вобаста хоҳад буд”, - қайд мешавад дар гузориш.
Тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, шумори аҳолии камбизоате, ки бо камтар аз 1,9 доллар дар як рӯз зиндагӣ мекунанд, бори нахуст баъди 20 сол то ба 150 млн нафар расида метавонад.
Соли гузашта сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон чунин буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.