Ҳаҷми даромади солона ба ҳар сари аҳолӣ дар Тоҷикистон ба 833 доллар баробар аст, хабар медиҳанд расонаҳо бо такя ба маълумоти Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА).
Гуфта мешавад, ин нишондиҳанда дар Қирғизистон 1147 доллар (1,4 баробар зиёд нисбат ба Тоҷикистон), Ӯзбекистон - 1762 доллар (2 баробар зиёд) ва Қазоқистон - 8781 доллар (10 баробар зиёд)-ро ташкил медиҳад. Доир ба Туркманистон маълумот дастрас нест.
Даромади аз ҳама баландтарин дар паҳнои пасошӯравӣ дар кишварҳои Соҳили Балтик ба қайд гирифта шудааст: Эстония - наздики 23 ҳазор доллар, Литва - зиёда аз 19,8 ҳазор ва Латвия - беш аз 17,2 ҳазор доллар.
Ин нишондиҳанда дар Русия ба 9972 доллар, Беларус - 6133, Арманистон - 4314, Молдова - 4267, Озарбойҷон - 4124 ва Украина - 3491 доллар баробар мебошад.
Тибқи маълумоти охири ХБА, танҳо дар 4 кишвари ҷаҳон даромад ба сари аҳолӣ беш аз 100 ҳазор долларро ташкил медиҳад: Қатар - 139 ҳазор, Макао - 113 ҳазор, Люксембург - 112 ҳазор ва Сингапур - 105 ҳазор доллар.
Даромади аз ҳама пасттарин ба ҳар сари аҳолӣ дар 3 кишвари африқоӣ сабт шудааст: Конго - 661 доллар, Бурунди - 630 ва Ҷумҳурии Африқои Марказӣ - 368 доллар.
Ёдрас мекунем, ки соли 2019 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон 77,3 млрд сомонӣ (7,9 млрд доллар бо қурби аввали сол)-ро ташкил дод, ки ба ҳудуди 840 доллар ба ҳар сари аҳолии кишвар мутобиқ аст.
Аввали соли 2020 шумори аҳолии Тоҷикистон андаке бештар аз 9,3 млн нафарро ташкил дода буд.
Дар ҳамин ҳол, дар гузориши моҳи октябр нашршудаи ХБА “Дурнамои рушди иқисоди ҷаҳон” сустшавии афзоиши иқтисоди Тоҷикистон аз рӯйи натиҷаҳои соли ҷорӣ аз 7,5%-и соли пешин то ба 1% пешгӯйӣ мешавад.
Коршиносони Хазина бар ин назаранд, ки афзоиши сатҳи иқтисод соли 2021 каме барқарор шуда, то ба 6% мерасад.
Ҳукумати Тоҷикистон афзоиши иқтисодро соли 2020 дар сатҳи 7,9%, яъне афзоиши ҳаҷми ММД то 87,4 млрд сомонӣ интизорӣ дошт.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Интиқоли барқи “Роғун” ба Қазоқистон. Бо кадом шарту шароит амалӣ хоҳад шуд?
Амалиёти “зидди тамбашавӣ” дар роҳҳои Душанбе. Беш аз 1000 нақлиёт ба ҷаримагоҳ интиқол ёфт ва ронандагон ҷарима шуданд
“Мо чизе намедонем”. Мурофиаи дуюми чеҳраҳои шинохта боз дар Боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста баргузор шуд
Муштзани тоҷик дар Чин пирӯзӣ ба даст оварда, мукофотпулии хуб гирифт
Ҳушдор аз гардиши пулҳои қалбакӣ. Бонки миллии Тоҷикистон пайомади пардохт бо “Чиптаи Бонкии Шӯхӣ”-ро шарҳ дод
“Танк”-и тоҷик ба рақобатҳояш дар UFC идома медиҳад
Эмомалӣ Раҳмон дар Истаравшан мактабу корхонаи нав ифтитоҳ кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Сулаймон ва Билқис”
Боздошти як зан дар Хатлон барои химчакӯб кардани набераҳояш
“Сӯхта, нобуд кардем”. Дар Хатлон беш аз 3 тонна доруву маҳсулоти тиббӣ нобуд карда шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста