ШСХК “Барқи тоҷик” интиқоли барқро ба кишварҳои ҳамсоя дар моҳи октябр идома дод ва ин ҳам дар ҳоли маҳдудияти интиқоли барқ ба истеъмолгарон дар дохили кишвар.
Мувофиқи маълумоти омори расмӣ, моҳи октябр аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи ҳудуди 2 млн доллар неруи барқ содирот шудааст, ки 1,6 млн доллар камтар нисбат ба моҳи октябри соли 2019 мебошад.
Дар бораи ба кадом кишварҳо ва дар кадом ҳаҷм содирот шудани неруи барқ дар моҳи гузашта маълумот дода намешавад.
Бозорҳои асосии содироти барқи Тоҷикистон Афғонистону Ӯзбекистон маҳсуб ёфта, ба миқдори начандон зиёд барқ аз ҷумҳурӣ ба Қирғизистон низ интиқол дода мешавад.
Қаблан дар ширкат қайд карда буданд, ки дар робита ба норасоии об, имсол истеҳсоли барқ дар ҷумҳурӣ кам шудааст.
Тибқи маълуомти “Барқи тоҷик”, давоми моҳҳои январ-октябри соли равон зиёда аз 16,1 млрд кВт/соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,1% камтар мебошад.
Маблағи бадастомада аз фурӯши барқ дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ 50,3 млн долларро ташкил додааст, ки 39 млн доллар камтар аз ҳамин давраи соли гузашта аст.
Бозгашти лимит
Тайи се соли ахир пас аз мавриди истифода қарор гирифтани Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2” ва ду агрегати аввали неругоҳи Роғун, таъминот бо барқ дар ҷумҳурӣ ба таври назаррас беҳтар шуд.
Аммо моҳи сентябри соли ҷорӣ шикояти сокинони минтақаҳои деҳот аз тез-тез ва ба муҳлатҳои тӯлонӣ қатъ шудани интиқоли барқ оғоз гардид.
Дар “Барқи тоҷик” қатъи интиқоли барқро ба баргузории корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар неругоҳҳо, хатаҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳо нисбат дода, ҷорисозии реҷаи маҳдуди истифодаи барқ (лимит)-ро рад мекарданд ва ваъда медоданд, ки “бо анҷоми ин корҳо, интиқоли барқ дар ҳаҷмҳои зарурӣ барқарор мешавад”.
Лекин вазъи таъминот бо барқ минбаъд боз душвортар шуда, айни замон сокинони минтақаҳо ҳамагӣ якчанд соат дар як шабонарӯз барқ мегиранд.
Илова бар ин, чанде пеш “Радиои Озодӣ супориши ширкати “Барқи тоҷик”-ро нашр кард, ки дар он энергохолдинг ба воҳидҳои худ дастур додааст, ки интиқоли барқро ба истеъмолгарони қарздор қатъ кунанд.
Бино ба маълумоти ширкат, қарздорони калонтарини ширкат аҳолӣ (1 млрд сомонӣ), инчунин Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ (244 млн сомонӣ), ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ (90 млн сомонӣ) мебошанд.
Гап сари чист?
Мутахассисони наздик ба “Барқи тоҷик” мегӯянд, ба зербинои низоми энергетикӣ чизе нашудааст ва маҳдудияти интиқоли барқ ба норасоии захираҳои об марбут мебошад.
“Моҳҳои охир дар Тоҷикистон боришот набуд, дар минтақаҳои баландкӯҳ барф меборад, ҳарорат сард буда, барф об намешавад ва дарёҳо камоб шуданд. Агар мо ҳозир обро аз обанбори Норак зиёд истифода барем, пас моҳҳои феврал-март он ба охир мерасад ва ба мушкилоти ҷиддӣ дучор хоҳем шуд”, - изҳор дошта буд ба “Азия-Плюс” энергетики тоҷик Камолиддин Сироҷиддинов.
Энергетикҳои дигар бидуни ифшои ному насаб изҳор мекунанд, ки сатҳи об дар обанбори неругоҳи Норак нисбат ба солҳои пешин хеле поинтар аст.
Камобӣ дар обанборро дар мавсими баҳору тобистон онҳо чунин шарҳ медиҳанд, ки бо дархости кишварҳои ҳамсоя дар давраи обёрӣ аз обанбор обпартоӣ сурат гирифта буд, ки дар натиҷа об аз нишондиҳандаи лозимӣ қариб 2 метр поинтар боқӣ монд.
Аммо аввали моҳи сентябр “Барқи тоҷик” хабар дод, ки обанбори Норак комилан аз об пур карда шудааст.
Дар ин маврид метавон ба як хабар дар сомонаи расмии Вазорати хоҷагии оби Ӯзбекистон, ки моҳи июли ҳамин сол нашр шудааст, таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Дар он зикр шудааст, ки оид ба гирифтани об аз обанбори Қайроққум барои заминҳои кишти Ӯзбекистон дар шароити вазъи имсолаи камбуди об бо энернетикҳои тоҷик тавофуқ ҳосил шудааст.
Дар хабар ҳамчунин гуфта шудааст, барои гирифтани об аз обанбор захираҳои моддиву техникӣ ҷудо шуда, баъди истифода ройгон ба ихтиёри Тоҷикистон дода мешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Дар моҳи октябр Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя ба маблағи 3,8 млн доллар барқ интиқол дод
Нақшаи даъвати ҳарбии тирамоҳӣ 100% иҷро шуд
Интиқоли барқи “Роғун” ба Қазоқистон. Бо кадом шарту шароит амалӣ хоҳад шуд?
Амалиёти “зидди тамбашавӣ” дар роҳҳои Душанбе. Беш аз 1000 нақлиёт ба ҷаримагоҳ интиқол ёфт ва ронандагон ҷарима шуданд
“Мо чизе намедонем”. Мурофиаи дуюми чеҳраҳои шинохта боз дар Боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста баргузор шуд
Муштзани тоҷик дар Чин пирӯзӣ ба даст оварда, мукофотпулии хуб гирифт
Ҳушдор аз гардиши пулҳои қалбакӣ. Бонки миллии Тоҷикистон пайомади пардохт бо “Чиптаи Бонкии Шӯхӣ”-ро шарҳ дод
“Танк”-и тоҷик ба рақобатҳояш дар UFC идома медиҳад
Эмомалӣ Раҳмон дар Истаравшан мактабу корхонаи нав ифтитоҳ кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Сулаймон ва Билқис”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста