Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки баҳри маблағгузорӣ ба татбиқи лоиҳаҳои давлатӣ дар бахши электроэнергетика аз хориҷи кишвар қарз гирад.
Бино ба иттилои Вазорати молияи ҷумҳурӣ, як қатор чунин лоиҳаҳо дар марҳилаи таҳия қарор доранд, ки барои амалисозии онҳо ҳудуди 500 млн доллар маблағ зарур аст.
Ҳаҷми нисбатан бештари сармоягузорӣ - 340 млн доллар барои идомаи сохтмони неругоҳи Роғун пешбинӣ шудааст.
Ин маблағро ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки аз бонкҳои аврупоӣ - Credit Suisse (Швейтсария) ва Landesbank Baden-Wuerttemberg (Олмон) дарёфт намояд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи моҳи октябр зимни вохӯрӣ бо бинокорони неругоҳи Роғун изҳор дошт, ки ба гурӯҳи кории марбута ҷиҳати андешидани тадбирҳои мушаххас оид ба дарёфти сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои идомаи сохтмони неругоҳ дар соли 2021 дастур додааст.
Ӯ қайд кард, ки соли ҷорӣ барои идомаи сохтмони иншооти мазкур аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудо гардидани наздики 3 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Тибқи маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, маблағгузории сохтмони неругоҳ аз ҳисоби буҷет дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ҳаҷми 1,3 млрд сомонӣ амалӣ шудааст.
Сар аз соли 2008 ба сохтмони неругоҳи Роғун дар маҷмӯъ зиёда аз 25,3 млрд сомонӣ маблағ равона шудааст.
Дар ҳамин ҳол, ба ҷуз Роғун, ҷалби қарзҳои ташкилотҳои байнулмилалии молиявӣ барои амалисозии лоиҳаҳои зерин дар соҳаи электроэнергетикаи ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст:
- лоиҳа оид ба коҳиши талафоти барқ дар вилояти Хатлон ($20 млн);
- лоиҳа оид ба рушди соҳаи электроэнергетика ($25 млн);
- лоиҳаи “Таҷдиду барқарорсозии НБО Норак, марҳилаи 2” ($50 млн).
Бо назардошти дигар соҳаҳо, барои амалисозии 8 лоиҳа дар умум ҷалби 562 млн доллар дар назар аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2026
Аз таҳдиди Трамп то посухи Лориҷонӣ. Идомаи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи Ҷумҳурии Исломӣ
“Азия-Плюс” ва “Ориёнбонк” дар Душанбе дарахт нишонданд
“Риояи қонунро мехоҳем”. Баҳси чанд сокини як бино дар Душанбе бо ширкати бинокори “Лутф-Сохтмон”
Хонандагону донишҷӯён дар ҷашни Наврӯз чанд рӯз истироҳат мекунанд? Вазорати маориф ва илм посух гуфт
33 миллион менависему 500 миллион мехонем. Баъди ифтитоҳи сарҳад тиҷорат миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар кадом сатҳ аст?
Мактабе, ки як хонанда ва як омӯзгор дошт, ба филиали мактаби дигар табдил дода шудааст
Боз ҳам касе нахарид. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” дар музоядаи 3-юм низ фурӯхта нашуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 45
Ҳамла ба мактаб ва куштори кӯдакон дар Миноб. Ҷинояте, ки метавонад поёни кори Доналд Трамп ва вазири ҷангаш бошад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста