Таҳти ҳамраисии вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода ва муовини вазири савдои Чин Юй Цзянхуа рӯзи 8 декабр ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Чин оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар шакли видеоконфронс баргузор гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, Завқӣ Завқизода қайд кард, ки Чин имрӯз яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар савдои хориҷӣ ба шумор рафта, соли 2019 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Чин 660,9 млн. долларро ташкил дод.
Зимни мулоқот таъкид шуд, ки дар доираи Созишномаҳои техникӣ солҳои 2018-2019 аз ҷониби Чин барои рушди инфрасохтори иҷтимоию иқтисодии кишвар 1 млрд. 700 млн юан маблағ ҷалб карда шудааст.
“Дар рафти ҷаласа ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки барои тезонидани раванди татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ чораҳои зарурӣ меандешанд, аз ҷумла ҷониби Чин мутахассисони дигари худро ҳарчи зудтар барои таъмини кори саривақтии сохтмони бинои нави парлумон ва маҷмааи ҳукумат дар Душанбе, инчунин таҷдиди роҳҳои дохили шаҳрии Бохтар ва Кӯлоб, қитъаи Кӯлоб-Мӯъминобод равона менамояд”, - омадааст дар хабари Вазорат.
Инчунин аҳамияти таҷдиди кори "Ширкати истихроҷи маъданҳои Тоҷикистону Чин, ки соли 2007 бо фонди оинномавии сабтшудаи 30 млн доллар дар вилояти Суғд таъсис дода шуд, ба миён гузошта шуд.
Айни замон ширкат барои анҷоми корҳои истихроҷ дар конҳои сурбу руҳи “Пайбулоқ”, “Зарнисор”, “Зарнисори Шимолӣ”, “Бузургпадар” ва баргузории корҳои омӯзиши геологии кони сурбу руҳи “Ағба”, кони нуқра ва тиллои “Боярбек”, кони сурбу руҳи “Сеқабат” иҷозатнома дорад.
Гуфта мешавад, ҷониби Чин иттилоъ дод, ки аллакай зиёда аз 1000 мутахассисон барои таъмини корҳои лоиҳаҳои қайдгардида ба Тоҷикистон ҷалб шуда, фаъолияти худро ба роҳ мондаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки ҷонибҳо ҳамчунин ба масоили ҷалби сармоя аз Чин баҳри амалисозии лоиҳаҳо дар соҳаи саноат таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҷароҳат” қисми 3
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста