Савдои дуҷониба байни Тоҷикистону Ӯзбекистон пас аз ривоҷи бомаром бо суръати баланд тайи солҳои ахир, дар имсоли буҳронӣ каме суст шуд.
Давоми моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ ҳаҷми савдои байни ду ҳамсоякишвар андаке бештар аз 300 млн долларро ташкил додааст, ки ҳудуди 7% камтар аз ҳамин давраи соли гузашта аст, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.
Муомилоти молу маҳсулот бо Ӯзбекистон, ки солҳои 90-ум шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон маҳсуб меёфт, пас аз коҳиш дар солҳои 2000-ум, бо сари ҳокимият омадани Шавкат Мирзиёев дар ин кишвар ба барқароршавӣ оғоз кард.
Соли 1995 гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон 250 млн долларро ташкил дода буд, ки дар маҷмӯъ ду баробар зиёдтар нисбат ба гардиши мол бо ҳамаи дигар кишварҳои ИДМ аст.
Қобили зикр аст, ки тайи 4 соли охир ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон зиёда аз 30 баробар афзуд: аз 12 млн доллар аз рӯйи натиҷаҳои соли 2015 то ба 362 млн доллар дар соли 2019.
Соли гузашта пас аз Русияву Қазоқистон ва Чин байни шарикони тиҷоратии Тоҷикистон Ӯзбекистон аллакай дар зинаи 4-ум қарор гирифт. Ҳукуматдорони ҳар ду кишвар ният доштанд, ки солҳои наздик ҳаҷми савдои дуҷонибаро то ба 500 млн доллар расонанд.
Дар ҳамин ҳол, тай 2 соли охир сохтори молу маҳсулоти додугирифтшуда байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ба таври назаррас тағйир ёфт.
Солҳои 2016-2018 дар ҳаҷми умумии савдои дуҷониба ҳиссаи маҳсулоти Тоҷикистон бартарӣ дошта, аз соли 2019 қисмати асосӣ ба воридоти молу маҳсулот аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон рост меояд.
Дар сохтори гардиши молу маҳсулоти дуҷониба дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ 75% (225 млн доллар)-ро воридоти маҳсулот аз Ӯзбекистон ва 25% (75 млн доллар)-ро содирот аз Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя ташкил медиҳад.
Ӯзбекистон ба Тоҷикистон гази табиӣ, маҳсулоти нассоҷӣ, нуриҳои минералӣ, пластмасса, пойафзол, маснуоти сафолӣ, фулузоти ранга, таҷҳизоти барқӣ ва механикӣ содирот мекунад.
Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя асосан ашёи хом: алюминии аввалия, неруи барқ, нахи пахта, маъдан, семент, пӯсти коркарднашуда, пилла, абрешияи хом, матоъи гуногун, нӯшокиҳои машруботӣ, қолин ва дигар маҳсулот мефурӯшад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Интиқоли барқи “Роғун” ба Қазоқистон. Бо кадом шарту шароит амалӣ хоҳад шуд?
Амалиёти “зидди тамбашавӣ” дар роҳҳои Душанбе. Беш аз 1000 нақлиёт ба ҷаримагоҳ интиқол ёфт ва ронандагон ҷарима шуданд
“Мо чизе намедонем”. Мурофиаи дуюми чеҳраҳои шинохта боз дар Боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста баргузор шуд
Муштзани тоҷик дар Чин пирӯзӣ ба даст оварда, мукофотпулии хуб гирифт
Ҳушдор аз гардиши пулҳои қалбакӣ. Бонки миллии Тоҷикистон пайомади пардохт бо “Чиптаи Бонкии Шӯхӣ”-ро шарҳ дод
“Танк”-и тоҷик ба рақобатҳояш дар UFC идома медиҳад
Эмомалӣ Раҳмон дар Истаравшан мактабу корхонаи нав ифтитоҳ кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Сулаймон ва Билқис”
Боздошти як зан дар Хатлон барои химчакӯб кардани набераҳояш
“Сӯхта, нобуд кардем”. Дар Хатлон беш аз 3 тонна доруву маҳсулоти тиббӣ нобуд карда шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста