Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ироаи паём ба парлумон изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ноил гардид.
Ба гуфтаи ӯ, тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи нақлиёти кишвар 53 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 20,3 млрд сомонӣ амалӣ гардида, беш аз 2200 км роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд.
Президент қайд кард, ки солҳои наздик боз бунёди зиёда аз 1500 километр роҳҳои таъиноти байналмилалӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ӯ таъкид дошт, ки дар соҳаи нақлиёт татбиқи 15 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 8 млрдд сомонӣ идома дошта, соли ҷорӣ татбиқи 4 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба анҷом мерасад.
“Дар доираи онҳо қитъаҳои Душанбе-Қизилқалъаи шоҳроҳи мошингарди Душанбе-Бохтар бо харҷи 1,6 млрд сомонӣ, Кӯлоб- Шамсиддин Шоҳин ва Шкев-Қалъаихумби шоҳроҳи Кӯлоб-Қалъаихумб бо арзиши лоиҳавии 780 млн сомонӣ ва роҳи мошингарди Кӯлоб-Муъминобод ба маблағи қариб 250 млн сомонӣ сохта, ба истифода дода мешаванд”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Зикр шуд, ки ҷиҳати сохтмону таҷдиди инфрасохтори нақлиётиву коммуникатсионӣ ва бунёди долонҳои транзитии нақлиётӣ соли равон татбиқи боз 10 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 8 млрд сомонӣ оғоз мегардад.
Аз ҷумла, қайд кард президент, дар доираи ин лоиҳаҳо сохтмони роҳи Обигарм-Нуробод, қитъаҳои Қалъаихумб-Ванҷи шоҳроҳи Душанбе-Қулма, Қизилқалъа-Бохтари шоҳроҳи Душанбе-Бохтар, роҳҳои мошингарди Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт ва Бохтар-Данғара, Хуҷанд-Конибодом, сохтмони пулҳо аз болои дарёҳои Панҷ дар мавзеи Кокули ноҳияи Фархор ва дарёи Ғунд дар шаҳри Хоруғ, таҷдиди роҳи мошингард ва бунёди долонҳои зидди тарма дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон амалӣ карда мешавад.
“Корҳои дар соҳа анҷомдодашуда имконият фароҳам оварданд, ки мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо, ки ҳамасола аз ҷониби таҳқиқоти байналмилалии “Ҳисоботи ҷаҳонии рақобатпазирӣ” гузаронида мешавад, дар зарфи ду соли охир 20 зина беҳтар гардида, тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар байни 141 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда зинаи 50–умро ишғол намуд”, - илова намуд сарвари давлат.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Поям дард мекунад”. Дар Хуҷанд қариб 50% автобусҳо аз ҳаракат бозмондаанд
Вазорати маориф: Баъди марги кӯдаки даҳсола дар Ваҳдат директори мактаб аз вазифа барканор шуд
Қариб 600 муҳоҷири ихроҷшуда дар Тоҷикистон бо кор таъмин шудаанд
“Зоҳиран ба ҷинояткор монанд будааст” Шикояти рӯзноманигор ба додситонӣ аз рафтори ғайриқонунии корманди милитсия нисбати фарзандаш
Огоҳӣ ба операторон: барои алоқаи пастсифат ҷарима ё иҷозатномаатон бозхонд мешавад
Табибони чинӣ дар Тоҷикистон қалби даҳҳо нафарро ройгон ташхис карданд
"Мо ба касе паёмак ирсол накардаем". Ҳушдори "Почтаи тоҷик" аз қаллобон
Озмуни “Беҳтарин ҳамсар”. Интихоб чӣ гуна сурат мегирад ва ғолиб чӣ тавр муайян мешавад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Аз хиёл то ҳақиқат”
Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши СААД ба Остона рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста