Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) дар ҳоли ҳозир бо доштани ҳаҷми 3 дарсадӣ саҳмдори ақаллияти "Агроинвестбонк" аст. Дар ин бора сухангӯйи ин ниҳод Антон Усов аз қароргоҳои бонк дар Ландан ба "Азия-Плюс" хабар дод.
Ӯ хотиррасон намуд, ки соли 2009 БАТР 25%+1 саҳмияи “Агроинвестбонк”-ро харида буд.
Антон Усов иброз дошт, ки айни замон саҳмиядори асосии “Агроинвестбонк” ҳукумати Тоҷикистон мебошад, ки аз ҳисоби қарзу маблағгузориҳои иловагӣ ба 87,3%-и саҳмия бонк соҳиб шуд. БАТР дар ин кор иштирок надошт.
Ба гуфтаи Усов, дар “Агроинвестбнк” БАТР ҳамеша саҳмиядори минотарӣ буда, дар идоракунии амалиёти бонк иштирок намекард.
“Ахиран мо ҳатто дар шӯрои нозирон намояндагӣ намекардем”, - илова кард ӯ.
Фаъолияти БАТР дар Тоҷикистон ҳамаи соҳаҳо бо шумули энернетикаву зерсохтор, бахши молияву корпоративӣ, корхонаҳои хурду миёнаро фаро мегирад. Дар бахши молияи Тоҷикистон БАТР дар сармояи ҶСК “Бонки Эсхата” ва ҶСП ТҚХ “Имон Интернешнл” ҳисса дорад.
Ёдрас мекунем, ки 21 майи соли равон Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи “Агроинвестбонк”-ро бозхонда, 15 июни ҳамин сол Суди иқтисодии шаҳри Душанбе дар бораи барҳамдиҳии замоне яке аз бузургтарин бонки тиҷоратии ҷумҳурӣ қарор содир намуд.
Тибқи маълумоти пешакии БМТ, то 30 апрели соли 2021 уҳдадориҳои тавозунии “Агроинвестбонк” 1 млрд 380,4 млн сомонӣ (қариб 122 млн доллар)-ро ташкил дода, ҳаҷми умумии дороиҳо (брутто)-и ташкилоти мазкур 1 млрд 826,9 млн сомонӣ (зиёда аз 161 млн доллар) арзёбӣ мешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Осори пластика дар Тоҷикистон. 9 млн тонна партов дар як сол
Шикояти тоҷири ӯзбек аз кори гумруки Тоҷикистон. Муовини сарвазири Ӯзбекистон гуфт, "мо ҳам посухи ҳамсон медиҳем".
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 январи соли 2026
Соли гузашта дар Тоҷикистон аз ҳама бештар кадом маҳсулот истеҳсол шуд?
Чаро пӯст дар Тоҷикистон хеле кам коркард мешавад?
Кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳам соҳиби иди касбӣ шуданд
Мақомот аз се муноқиша дар “Парламент” гуфтанд, вале аз занозанӣ бо ширкати додситони собиқи Бӯстон ишорае накарданд
Кай дар Тоҷикистон суғуртаи ҳатмии тиббӣ ҷорӣ мешавад?
Натиҷагирӣ аз соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026. Дар маҷлиси солонаи ҳукумат чӣ гуфтанду чӣ шуниданд?
Аз Кумитаи дин гуфтанд, имсол моҳи Рамазон кай фаро мерасад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста