Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд Хазина) иттилоъ медиҳад, ки аз санаи 02 июли соли 2021 раванди пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорони бонки барҳамдодашудаи ҶСК “Агроинвестбонк” мавриди амалӣ қарор дорад.
Ба иттилои сомонаи расмии Хазина, ҳудуди 37% пасандоздорони “Агроинвестбонк” то рӯзи душанбеи ҳафтаи равон аз ҳисоби Хазина ҷубронпулии ба онҳо муқарраршударо гирифтаанд.
Аз тарафи бонк-агент дар асоси феҳристи пасандоздорон барои пардохти ҷубронпулии суғурта ба 3 160 нафар пасандоздори муроҷиаткардаи ҶСК “Агроинвестбонк” ба маблағи 54,3 миллион сомонӣ, ки 37 фоизи ҳаҷми умумии маблағи ҷубронпулии суғурта аз рӯи пасандозҳои шахсони воқеии бонки мазкурро ташкил медиҳад, пардохтҳо анҷом дода шудаанд.
Барои хизматрасонӣ ба пасадоздорони “Агроинвестбонк” 71 воҳиди “Амонатбонк” дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ амал мекунад.
Гуфта мешавад, аз 23 июн то 6 июл 55% аз маблағи умумии ҷубронпулии суғуртавӣ ба пасандоздорони дигар бонки барҳамёфта - “Тоҷиксодиротбонк”пардохта шудааст.
Тибқи ҳисоботи ҷории Хазина, аз тарафи бонк-агент дар асоси феҳристи пасандоздорон барои пардохти ҷубронпулии суғурта ба 1 974 нафар пасандоздори муроҷиаткардаи ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ба маблағи 32,5 миллион сомонӣ, ки 55 фоизи ҳаҷми умумии маблағи ҷубронпулии суғурта аз рӯи пасандозҳои шахсони воқеии бонки мазкурро ташкил медиҳад, пардохтҳо анҷом дода шудаанд.
Барои хизматрасонӣ ба пасандоздорони “Тоҷиксодиротбонк” 33 воҳиди “Ориёнбонк” дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ амал мекунад.
Мувофиқи қонунгузорӣ, ҷараёни пардохти ҷубронпулии суғуртавӣ дар муддати як сол аз замони фаро расидани ҳолати суғуртавӣ амалӣ мешавад.
“Аз ин рӯ, амонатгузорон дар ҳама гуна вақти барояшон қулай лар давоми сол то анҷоми расмиёти пардохт ба бонк-агентҳо муроҷиат карда метавонанд”, - таъкид доштанд дар Хазина.
Ёдрас мекунем, ки Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаҳои “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”-ро 21 майи соли равон бозхонд кард. Шаш сол пеш ин бонкҳо қариб нисфи бозори бонкии кишварро ишғол мекарданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.