Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон нарафзори махсуси мобилии «Соҳибкор» (Sohibkor) роҳандозӣ намуд.

Нармафзор бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар доираи лоиҳаи “Ҷавонон барои тиҷорат ва инноватсияҳо” таҳия шудааст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи мазкур.

“Ба воситаи ин нармафзор корбарон ба ҳамаи асноди меъёриву ҳуқуқии тиҷорату сармоягузорӣ, пойгоҳи ҳуқуқии имтиёзҳо дар ҷумҳурӣ, нақшаи баргузории санҷиш аз ҷониби мақомоти дахлдор ва дигар масоили марбут ба ин соҳа дастрасӣ пайдо карда метавонанд”, - гуфтанд дар Кумита.

Нармафзор ҳамчунин ба сифати пойгоҳи ягонаи дастгирии давлатии тиҷорат ва сармоягузорӣ хидмат карда метавонад.

Нармафзори мобилии «Соҳибкор» (Sohibkor)  дар App Store ва Play Store дастрас аст.


Дар шарҳи нармафзор дар App Store ва Play Store гуфта мешавад, он барои соҳибкороне, ки фаъолияташонро дар қаламрави Тоҷикистон амалӣ мекунанд, пешбинӣ шудааст.

Ба корбар маълумотномае дастрас аст, ки аз Кодексҳои андозу гумрук ва дигар қонунҳои марбут ба фаъолияти соҳибкорӣ маълумоти муфассалро дар бар гирифтааст.

Ҳамчунин дар нарфзор гузориш оид ба сохтори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ манзур шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.