Сафири Тоҷикистон дар Туркия Ашраф Гулов рӯзи 11 декабр дар бинои Вазорати тиҷорати Туркия бо Вазири тиҷорати ин кишвар Меҳмет Муш дидору гуфтушунид кард.
Тавре дафтари матбуоти сафорат хабар медиҳад, зимни вохурӣ ҷонибҳо вобаста ба вазъи кунунӣ ва имконияти рушди муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ, аз ҷумла дар доираи Комиссия байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ мубодилаи афкор намуданд.

“Ҷонибҳо ҷиҳати пайгирии мувофиқаҳои қаблии роҳбарияти олии ду кишвар вобаста ба диверсификатсия ва афзоиши гардиши савдо байни Тоҷикистону Туркия ва расонидани он ба 1 млрд. доллари ИМА, инчунин масъалаҳои ҷаласаи 11-уми Комиссияи болозикр, аз ҷумла таҳияи “Харитаи роҳ оид ба афзоиши гардиши савдо байни Тоҷикистону Туркия барои солҳои 2022-2025”, корбарӣ намуда истодаанд”, - омадааст дар хабари сафорат.
Гуфта мешавад, ҳамзамон дар вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба ҳолати иҷроиш ва иқдомҳои оянда ҷиҳати пайгирии бандҳои Нақшаи амали муштараки ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ табодули назар карданд.

Аз ҷумла доир ба масъалаҳои марбут ба тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фаъолияти бонкӣ, кишоварзӣ, энергетика, саноат, сохтмон ва меъморӣ, нақлиёт, авиатсияи гражданӣ, алоқа, сайёҳӣ, ҳифзи муҳити зист, тандурустӣ, маориф ва илм, фарҳанг, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, варзиш ва сиёсати ҷавонон, стандартизатсия ва дигар масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба ибрози назар шуд.
Зикр мешавад, ки дар Туркия тибқи тартиби муқарраргардида Вазорати тиҷорат котиботи Комиссияи байниҳукуматии Туркия бо кишварҳои хориҷии оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ буда, нақши он дар таҳияи Протоколҳои ҷаласаҳои Комиссия муҳим арзёбӣ мегардад.
Ҳамчунин бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Туркия вебинари маҷозӣ дар мавзӯи “Шарикии ширкатҳои тоҷикию туркӣ дар соҳаи саноати тиббӣ ва фармасевтика” бо иштироки масъулини вазорату идораҳои дахлдори кишвар ва аъзоёни Шурои робитаҳои иқтисодии хориҷии Туркия (DEIK), Ассотсиатсиатсияи саноатчиён ва соҳибкорони мустақили Туркия (MUSIAD) ва ҷалби беш аз 50 ширкати тоҷикию туркии соҳаи тиб ва фармасевтика, баргузор гардид.

Дар вебинар инчунин коршиносону аъзоёни Шӯрои тиббии назди MUSIAD, Шӯрои тандурустии назди DEIK, инчунин Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ширкат варзида, вобаста ба тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ дар самти мазкур ва имконияти таъсиси гурӯҳҳои кории соҳавӣ байни ассотсиатсияҳои тиҷоратӣ бо ҷалби ширкатҳои Тоҷикистону Туркия, аз ҷумла дар соҳаи тандурустӣ ва тиб бо назардошти пайгирии ҳадафҳои Тоҷикистон оид ба таъсиси кластерҳо ва паркҳои технологӣ дар заминаи таҷрибаи Туркия мубоҳисаҳои доманадор сурат гирифт.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
"Дов" оммавӣ шуд. Он аз пурҷоизатарин филми тоҷикӣ дониста мешавад
Озода Раҳмон ба модари Қобилҷон Алиев 300 ҳазор сомонӣ кӯмак кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста