Арзиши сӯзишвории дизелӣ (солярка) дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахти Тоҷикистон тайи ҳафтаи ахир ба андозаи 7% - аз 12 сомонӣ то 12,8 сомонӣ барои 1 литр боло рафт. Дар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ нархи ин навъи сӯзишворӣ тақрибан ба ҳамин миқдор зиёд шуд.
Як литр сӯзишвории дизелӣ дар вилояти Суғд дирӯз, 30 июн 13,4 сомонӣ нарх дошта, чанде рӯз пеш бо арзиши 12,4 сомонӣ фурӯхта мешуд.
Нархи чаканаи сӯзишвории дизелӣ дар вилояти Хатлон вобаста ба шаҳру навоҳии ин минтақа имрӯз 13-14 сомониро ташкил медиҳад, ки 0,8-1 сомонӣ зиёдтар нисбат ба ҳафтаи гузашта аст.
Мувофиқи маълумоти омори расмӣ, давоми моҳҳои январ-майи соли равон нархҳои чакана ба сӯзишвории дизелӣ дар ҷумҳурӣ 8,4% боло рафтанд.
Сабаби болоравии ин навъи сӯзишвориро дар Хадамоти зиддиинҳисории кишвар ба афзоиши талабот ба ин навъи сӯзишворӣ ва мутаносибан гароншавии он дар кишварҳои содиркунанда нисбат медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, тайи вақтҳои ахир арзиши дигар навъҳои сӯзишворӣ барои автомашинаҳо қариб бетағйир боқӣ мемонад.
Як литр бензини арзонтарин (АИ-92) дар нуқтаҳои фурӯши пойтахт 10,6 сомонӣ, дар Хуҷанд ва Кӯлоб - 10,8 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Нархи гази моеъ низ тағйир наёфта, имрӯз арзиши чаканаи он дар Душанбе ва Хуҷанд 6,10 сомонӣ ва Кӯлоб - 6,20 сомониро ташкил медиҳад.
Бино ба маълумоти Агентии омор, арзиши бензин дар ҷумҳурӣ тайи панҷ моҳи аввали соли 2022 ба андозаи 1,8% ва гази моеъ - 16,1% поин рафтааст.
Давоми моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 230 млн доллар ҳудуди 290 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст. Ҳаҷми воридот аз рӯи вазн ба андозаи 39% ва аз лиҳози арзиш - 2 баробар зиёд шудааст.
Қобили зикр аст, ки ҳудуди 90%-и маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон ворид шуда, зиёда аз 90%-и гази моеъ аз Қазоқистон оварда мешавад.
Таваққуфгоҳҳои холиву роҳҳои пур аз мошин. Чаро сокинон мошини худро дар таваққуфгоҳи зери биноҳо намегузоранд?
“Ялдо таваллуди офтоб аст”. Гузориш аз ҷашни Ялдо дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 декабри соли 2024
Комиссияи марказии интихобот шумораи интихобкунандагонро эълон ва нуқтаҳои овоздиҳиро маълум кард
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2024
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Дар радабандии кишварҳои шукуфо Тоҷикистон ба гурӯҳи “сатҳи хеле пасти рушд” шомил шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста