Хадамоти гумруки Тоҷикистон пардохти хироҷи гумрукии дукарата дар рӯзҳои истироҳатӣ, ид ва баъди соати кориро бекор кардааст. Дар ин бора Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ин ниҳод, имрӯз, 13 июл хабар дод.
Ӯ дар посух ба суоли хабарнигори “Азия-Плюс” гуфт, аз ин пеш ҳангоми анҷоми расмиёти гумрукии молҳои воридотиву содиротӣ ва транзитии берун аз соати корӣ ё берун аз минтақаи назорати гумрукӣ, хироҷи гумрукӣ ба андозаи дукарата рӯёнида мешуд.
- Акнун мо ин талаботро аз байн бурдем ва барои анҷоми расмиёти гумрукӣ соҳибкорон, махсусан содиркунандагони маҳсулоти кишоварзӣ хироҷи яккарата месупоранд.
Ба гуфтаи Каримзода, ин тасмим расмиёти гумрукиро тезонида ба тоҷирон сабукӣ медиҳад.
- Ба таври мисол, агар мошин соати 5 бегоҳи рӯзи ҷумъа ба сарҳади Тоҷикистон ворид мешуд, соҳибкор ба хотири он ки хироҷи гумрукии дукарата насупорад, то рӯзи душанбе интизор мешуд. Тоҷир маҷбур мешуд, ки ду рӯз мошини худро дар сарҳад нигоҳ дорад, ки дар баробари ин, аз дигар тараф ҷарима барои ҳар соати иловагӣ дар роҳи оҳан ва дигар пардохтҳоро месупорид. Умуман як мушкилот буд. Ва ин аз байн бурда шуд, - гуфт Хуршед Каримзода.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи шанбе хабаргузории “Тренд” бо такя ба дафтари матбуоти Маркази байнулмилалии тиҷорат хабар дода буд, ки Тоҷикистон бо пуштибонии Маркази байнулмилалии тиҷорат (МБТ) пардохти дукаратаи хироҷи гумрукиро ҳангоми воридоти коло ба кишвар дар рӯзҳои истироҳат ва ид лағв кард.
Ба гуфтаи ин ниҳод, қимати стандартии хироҷи гумрукӣ дар рӯзҳои корӣ дар Тоҷикистон вобаста ба арзиши молҳои воридотӣ аз 10 то 450 доллари америкоиро ташкил медиҳад.