Ҳукумати Тоҷикистон аз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хостааст, ки барои гирифтани қарзи давлатӣ дар ҳаҷми 1 миллиард сомонӣ (ҳудуди 100 миллион доллар) розигӣ диҳад.

Дар қарори дахлдори ҳукумат, ки дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлия нашр шудааст, ба гирифтани қарз аз Бонки миллии Тоҷикистон бо меъёри имтиёзноки 2%-и солона ишора мешавад.

Дар ин ҳуҷҷат мушаххас гуфта намешавад, ки ҳукумат барои кадом эҳтиёҷот сарф кардани маблағҳои мегирифтаро ба нақша гирифтааст. Ҳамчунин, дар лоиҳаи қарори палатаи поёнӣ «Дар бораи додани розигӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани қарзи давлатӣ», ки дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлия нашр шудааст, чунин маълумот мавҷуд нест.

Ҳаҷми умумии қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 июли соли 2022 тибқи маълумоти Вазорати молияи Тоҷикистон 3,7 миллиард долларро ташкил дод, ки ба 42,8 дарсади ММД-и ҷумҳурӣ баробар аст.

Дар таркиби ҳаҷми умумии қарзи давлатии кишвар 12% қарзи дохилӣ ва 88% қарзи берунӣ мебошад. То 1 июли соли равон қарзи дохилӣ 500 миллион долларро (4,7 фоиз аз ММД) ташкил дод, дар ҳоле ки ҳаҷми умумии қарзи хориҷӣ 3,2 миллиард долларро (41,6 фоизи ММД) ташкил медиҳад.

Ҳамин тариқ, агар палатаи поёнии парлумон ба пешниҳоди ҳукумат розӣ шавад, ҳаҷми қарзи дохилии кишвар 20 фоиз ва қарзи давлатӣ дар маҷмӯъ 2,7 фоиз зиёд мешавад.

Аз кӣ қарздорем?

Дар сохтори қарзи дохилии ҷумҳурӣ беш аз 40 дарсадро векселҳои давлатӣ ташкил медиҳанд, ки барои аз нав капитализатсия намудани ду бонки кишвар – «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк» истифода шудаанд.

Инчунин, қарзи дохилӣ аз вомбаргҳо ва векселҳои Вазорати молия барои қонеъ кардани ниёзҳои гуногуни ҳукумат иборат аст.

Чин қарздиҳандаи аслии хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонад, ки ҷумҳурӣ аз он ҳудуди 1,1 миллиард доллар қарздор аст.

Илова бар ин, аз Бонки Ҷаҳонӣ (357 миллион доллар), Бонки Осиёии Рушд (291 миллион доллар), Сандуқи Байналмилалии Асъор (190 миллион доллар), Бонки Исломии Рушд (184 миллион доллар) ва евробондҳо (500 миллион доллар) қарз гирифта шудааст.

Созмонҳои молии байнулмилалӣ қаблан ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дода буданд, ки аз ҷалби қарзҳои имтиёзнок худдорӣ кунанд.

Таҳлили муштараки устувории қарз, ки аз ҷониби мутахассисони Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи Байналмилалии Пул дар моҳи феврали соли ҷорӣ анҷом дода шуд, хатари баланди бӯҳрони қарзро чи аз назари қарзи хориҷӣ ва чи дар маҷмӯъ нишон медиҳад.

Хавфи баланди бӯҳрони қарзиро бо омилҳое аз қабили касри музмини буҷети кишвар, истифодаи пуршиддати қарзҳои ғайриимтиёзӣ, аз ҷумла 500 миллион доллари амрикоӣ тавассути ҷойгиркунии вомбаргҳои давлатӣ (евробонд) дар бозорҳои молиявии байналмиллалӣ дар соли 2017 бо суръати 7,12%, вобаста медонанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.