Дар қонуни буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2023 ба корхонаву ташкилотҳои ҷудогона оид ба пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ имтиёзҳои зиёд пешбинӣ шудааст.

Миёни имтиёздорон бинокорони меҳмонхонаи 5-ситорадори “Исмоили Сомонӣ” ҳастанд, ки дар хиёбони Рӯдакии пойтахт аллакай 17 сол инҷониб сохта мешавад.

Фармоишгар ва паймонкори кулли ин сохтмон 50% аз пардохти Андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ озод мешавад. Воридоти масолеҳи зарурӣ барои иншооти мазкур бидуни пардохти боҷи гумрукӣ ва 50% ААИ анҷом дода мешавад.

Фармоишгарон ва бинокорони Театри миллии Тоҷикистон ва бинои бисёрсоҳавии маъмурӣ дар хиёбони Исмоили Сомонии ноҳияи Сино низ аз пардохти андоз чунин имтиёзҳо доранд.

Меҳмонхонаи “Исмоили Сомонӣ” ҳамасола дар рӯйхати имтиёздорон қарор мегирад. Сохтмони иншооти мазкур дар масоҳати 1,5 га аз моҳи марти соли 2006 оғоз шуд. Дар назар буд, ки меҳмонхона тирамоҳи соли 2007 ба истифода дода шавад.

Миёни имтиёздорон боз киҳо ҳастанд?

Ба сурати умум, дар қонуни буҷети давлатӣ барои соли 2023 пешниҳоди имтиёзҳо аз пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ тибқи 14 банд пешбинӣ шудааст.

Аз ҷумла, ААИ барои корхонаҳои коркард ва фурӯшандагони маснуоти гандум ва макарон то 10% (меъёри стандартии ААИ - 15%) кам шудааст.

Акс аз onlinevologda.ru

Воридоти техника ва воситаҳои нақлиёти махсус, қисмҳои эҳтиётии онҳо, ки аз ҳисоби буҷет харида мешаванд, аз пардохти боҷи гумрукӣ ва ААИ (50%) озод карда мешаванд.

Ҳамчунин аз пардохти 50% ААИ воридкунандагони гази табиӣ ва неруи барқ, КВД “Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал дар шаҳри Душанбе” зимни фурӯши маводи ғизоӣ озод карда мешаванд.

Воридкунандагони мазути камсулфур барои эҳтиёҷоти ҶСК “Маркази барқу гармидиҳӣ”-и Душанбе аз пардохти боҷи гумрукӣ, 50% ААИ ва аксиз озод карда мешаванд.

Ба қарзҳои ҶСК “НБО Сангтӯда-1” ва ҶСК “НБО Роғун” аз андоз барои барқи додаашон ба ШСХК “Барқи тоҷик” фоизҳо ҳисоб карда намешаванд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон, воҳидҳои зертобеи он ва дастаҳои футболи кишвар аз пардохти 50% андоз аз амволи ғайриманқул, мураббиён ва бозингарони хориҷӣ, ки барои рушди фаъолияти Федератсия ва дастаҳои футбол ҷалб мешаванд, аз пардохти андоз аз даромади шахсони воқеӣ озод карда мешаванд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз пардохти хироҷ ва пардохтҳои гумрукӣ, инчунин 50%  ААИ зимни воридоти бланкҳои шиноснома, ки ҳомилҳои электронии маълумот доранд, озод карда мешавад.

Воридоти тухмии зироатҳои кишоварзии суперэлита, элита ва репродуксияи якум, тухмии пиллаи баландсифат барои пиллапарварӣ, гулу буттаҳои ороишӣ, дарахтони ороишӣ ва мевадиҳанда, чорвои зотӣ ва гӯштӣ, инчунин ҳама навъи хӯроки чорво аз боҷи гумрукӣ ва 50% ААИ озод карда мешавад.

Иҷрои корҳо ва хидматрасонӣ аз ҷониби филиали консорсиуми «Tractebel Engineering S.A.» дар майдони сохтмони неругоҳи “Роғун” аз пардохти андоз аз даромад ва 50% ААИ озод карда мешавад.

Ҳамчунин соли оянда воридоти маводи ғизоӣ, нуриҳои минералӣ, сӯзишвории дизелӣ ва бензин аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди ҳукумати ҶТ аз пардохти андоз ва 50% ААИ озод карда мешавад.

Ин таҷриба қобили қабул аст?

Ба ғайр аз имтиёзҳо аз пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ, ҳамасола дар доираи қонун дар бораи Буҷети давлатӣ, Кодексҳои андоз ва гумруки кишвар зиёда 100 чунин имтиёзҳо пешбинӣ шудааст.

Сабукиҳо дар ин ҳуҷҷатҳо доимӣ амал карда, бо санадҳои гуногуни зерқонунии меъёрӣ-ҳуқуқӣ танзим мешаванд.

Моҳи октябри соли равон ҳукумати ҷумҳурӣ бо қарори худ дастур дод, ки Номгӯи соҳаҳои афзалиятнок, ки ба онҳо аз пардохти андоз имтиёз дода мешавад, тасдиқ карда шавад.

Ба мақомоти ваколатдор супориш дода шуд, ки ҷиҳати татбиқи Номгӯи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳамасола то 15 декабр дар бораи рафти иҷрои он ҳисобот пешниҳод кунанд.

Дар ҳамин ҳол, намояндагони Хазинаи байнулмилалии асъор аз рӯйи натиҷаҳои сафарашон ба ҷумҳурӣ дар моҳи феврал изҳор дошта буданд, ки барои расидан ба ҳадафҳои молиявӣ дар соли 2022, Тоҷикистонро лозим аст, ки хароҷоти буҷетро зери назорати қатъӣ гирад.

Ба сифати тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати коҳиши касри буҷет “давра ба давра даст кашидан аз имтиёзҳои пардохти андоз, тавсеъаи заминаи андоз, баланд бардоштани самаранокии хароҷоти давлатӣ ва шаффофият”пешниҳод шуд.

Бархе аз коршиносон низ бар зидди таҷрибаи феълии кишвар дар бораи додани имтиёзҳои зиёд аз пардохти андозу боҷҳои гумрукӣ ба корхонаву ташкилотҳои ҷудогона ҳарф мезананд. Онҳо ин амалро ноодилона медонанд, зеро ба далели имтиёзҳо баъзеҳо бо як хел даромад нисбат ба дигарон камтар пардохт мекунанд.

Ҳамчунин чанде аз коршиносон ҳатто мухолифи имтиёз ба бахшҳо ва соҳаҳо ҳастанд ва бар ин назаранд, ки онҳо соҳибкоронро барои машғул шудан ба тиҷорате, ки хуб медонанд ва мехоҳанд таҳти низоми андозбандии бетараф анҷом диҳанд, ташвиқ намекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.