Дар Тоҷикистон Қонун “Дар бораи савдои электронӣ” пас аз нашри он рӯзи 29 декабр дар нашрияи ҳукумати ҷумҳурӣ мавриди амал қарор гирифт.

Санади мазкур муомилоти электрониро, ки бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ (ТИК) анҷом дода мешаванд, танзим мекунад.

Ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои иштирокчиёни савдои электрониро таҳиягарони он яке аз мақсадҳои таҳия ва қабули ин қонун медонанд.

Қонун “Дар бораи савдои электронӣ” аз 7 модда иборат аст. Он талаботро зимни ба расмият даровардан ва анҷом додани муомилот оид хариду фурӯш ва табодули молу кор ва хидматрасониҳоро, ки бо истифода аз ТИК сурат мегиранд, муқаррар мекунад.

Амали Қонуни мазкур нисбат ба аҳдҳое, ки тасдиқи ҳатмии нотариалӣ ё бақайдгирии давлатиро талаб менамоянд, дар бозори суғурта ва коғазҳои қиматнок баста мешаванд ва объектҳое, ки аз муомилоти гражданӣ бароварда ё маҳдуд шудаанд, инчунин, хариди давлатӣ татбиқ намегардад.

Қаблан моҳи октябри соли гузашта директори Маркази миллии қонунгузории назди президенти ҷумҳурӣ Иззатулло Саидзода зимни муаррифии қонун ба вакилони палатаи поёнии парлумон изҳор дошта буд, ки дастрасии тез ба иттилоот, хароҷоти нисбатан камтар, мавҷуд набудани монеъаҳои маъмурӣ ва ғайра аз афзалиятҳои савдои электронӣ мебошанд.

Аз афзалиятҳо барои истеъмолгарон ӯ кори шабонарӯзӣ, дастрасии баробари ҷуғрофӣ, имкони сарфаи вақт, махфӣ будани харидҳо ва дигар бартариҳоро номбар кард.

Ёдрас мекунем, ки таҳияи лоиҳаи қонун дар соҳаи савдои электрониро раҳбарияти ҳукумат моҳи марти соли 2022 супориш дода буд.

Савдои электронӣ чист?

Дар савдои электронӣ паҳнкунӣ, реклама, пешбурд, фурӯши хидматрасонӣ ё мол тариқи интернет пешбинӣ шудааст.

Агар одитар бигӯем, ҳама гуна амал бо мақсади тиҷорат дар шабакаи ҷаҳонӣ ба маънои савдои онлайн (савдои электронӣ) фаҳмида мешавад.

Ин соҳа нахуст дар ИМА пайдо шуда, сипас дар Аврупо ва охири солҳои 90-уми асри гузашта дар Чин ва Русия рушд ёфт.

Савдои электронӣ категорияҳои ҷаҳониеро чун фурӯши онлайн, интернет-банкинг, фармоиш (брон кардан)-и билет ва меҳмонхона, транзаксияҳо дар низомҳои пардохт, онлайн-маркетинг ва рекламаро муттаҳид мекунад.

Мутахассисон зикр мекунанд, ки аз лиҳози техникӣ савдои электронӣ дар шабака ба се таркиб - сервер, пойгоҳи маълумот ва низоми расонидани бор ё хидматрасонӣ ба харидор асос ёфтааст.

Таркиби аввал - сервери босифат ва тезкор хеле муҳим аст. Пойгоҳи маълумот ба иншооти бузург лозим буда, расонидани молҳои электронӣ ё анҷоми хидматрасонӣ логистикаи душвор талаб намекунад.

Монеаи асосӣ

Намояндагони ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ чандин маротиба ба ҳукумати Тоҷикистон фаҳмониданд, ки шарти аввалиндараҷа барои роҳандозӣ ва рушди савдои электронӣ таъмин бо интернети арзон ва хушсифат аст.

Ба ин тариқ, баҳори соли гузашта намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе Озим Севимли дар ҷаласаи Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани муҳити сармоягузории назди президенти Тоҷикистон изҳор намуд, ки яке аз мушкилоти калидии рушди тиҷорати электронӣ дар ҷумҳурӣ алоқаи рақамии нокофӣ ва гарон маҳсуб меёбад, ки барои ҳама гуна онлайн-транзаксия зарур аст.

“Барои рушди воқеии тиҷорати электронӣ ва ба миқёси муайян расидани он, ки ба бештари истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон, ба мисли деҳқонони манотиқи дурдасти деҳот бартариҳои назаррас пешниҳод карда тавонад, алоқаи рақамии универсалӣ, дастрас ва боэътимод лозим аст”, - гуфт вай.

Озан Севимли зикр кард, ки алоқаи мобилии васеъхат дар Тоҷикистон беҳад қимат ва суст буда, суръати боргузорӣ (загрузка)-и васеъхат барои корбарони мобилӣ хеле паст аст.

Дар ҳамин ҳол, дар радабандии навшудаи Speedtest Global Index (моҳи октябр) аз рӯи суръати интернети васеъхати сабтшуда байни 180 кишвари ҷаҳон Тоҷикистон дар зинаи 116-ум қарор дорад. Суръати миёнаи боргирӣ (скачивание)-и интернети ноқилӣ дар ҷумҳурӣ 26,73 Мб/с ва боргузорӣ (загрузка) – 29,72 Мб/с зикр шудааст.

Аз рӯи суръати интернети мобилӣ бошад, Тоҷикистон миёни 141 кишвар аз охир дар зинаи 4-ум қарор дорад. Поинтар аз Тоҷикистон танҳо Венесуэла, Афғонистон, Куба ва Гаити ҷойгир шудаанд.

Тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, соли 2021 теъдоди муштариёни дастрасии мобилии васеъхат ба ҳар сари 100 аҳолии Тоҷикистон 44%-ро ташкил дод ва ин ҳам дар ҳолест, ки ин нишондиҳанда дар Қирғизистон ба 53%, Қазоқистон - 65% ва Русия - 77% баробар аст.

Қобили зикр аст, ки дар бораи гарон будан ва сифати пасти интернет президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон низ рӯзи 23 декабр зимни ироаи паём ба парлумон изҳори назар кард.

“Суръат ва арзиши Интернет ҳоло ҳам қаноатбахш нест”, - гуфт ӯ.

Ва ба Хадамоти алоқа дар ҳамдастӣ бо операторон дастур дод, ки “ҷиҳати беҳбуди сифати хидматрасонӣ, коҳиши арзиши хидматрасонии алоқаи мобилӣ ва Интернет, афзоиши дастрасӣ ба Интернети баландсуръат дар ҳамаи гӯшаву канори кишвар, аз ҷумла шаҳру навоҳии дурдаст тадбирҳои зарурӣ андешанд”.

Умедворем, ки раҳбарияти Хадамоти алоқа дастури сарвари давлатро “шуниданд”.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.