Бештари вақт аҳолии кишвар мепурсанд, ки оё Тоҷикистон содирот дорад, мо чӣ истеҳсол мекунем, ки онро содирот кунем. Дар ин робита, мо тасмим гирифтем, ки ТОП-10 маҳсулоти содиротии Тоҷикистонро муайян кунем ва бубинем, ки харидорони онҳо кистанд.
Мо дар асоси омори Хадамоти гумруки Тоҷикистон муайян намудем, ки давоми панҷсолаи 2017-2021 кадом молҳои истеҳсолкардаи кишвар ба хориҷа бештар содирот шудааст.
Дар натиҷаи таҳлил маълум шуд, ки давоми панҷсолаи зикргардида Тоҷикистон аз ҳама бештар маъдан, тилло, алюминии хом, нахи пахта, барқ, семент, риштаи пахта, сурма, молҳои гуногун ва либос содирот кардааст.
Харидорони ин маҳсулот кадом кишварҳост?
Маҳсулоти мазкур давоми солҳои 2017-2021 ба беш аз 20 кишвари ҷаҳон содирот шудааст.
Навъҳои гуногуни маъдан, аз ҷумла металҳои қиматбаҳо, мис, оҳан ва контсентратҳоро асосан давлатҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Чин, Русия, Туркия, Ҳолланд ва Британияи Кабир харидорӣ кардаанд.
Тиллои хом, нимтайёр ва хокаи тилло бошад, ба Шветсария, Туркия ва Чин содирот шудааст.
Алюминии хом дар ҳисоби мо ҷои сеюмро касб кардааст, ки асосан ба Туркия, Тайван, Ӯзбекистон, Чин ва Эрон бароварда шудааст.
Нахи пахта ба Русия, Чин, Эрон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Покистон, Латвия, Литва, Гурҷистон, Бангладеш, Беларус, Чехия, Фаронса, Британияи Кабир ва чанде дигар фурӯхта шудааст.
Дар ин баробар, барқи истеҳсолкардаи Тоҷикистон ба Афғонистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон содирот шудааст.
Ҳамин тавр, семент ҳам давоми солҳои 2017-2021 ба Ӯзбекистон, Афғонистон, Қирғизистон ва Русия фурӯхта шудааст.
Кишварҳои харидори риштаи пахтаи Тоҷикистон бештар аст: Туркия, Русия, Чин, Покистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Белорус, Эрон, Полша, Шветсария, Молдова, Италия, Украина, Олмон, Арманистон, Чехия ва чандеи дигар.
Сурмаи кишвари мо танҳо ба се мамлакат - Белгия, Ҳолланд ва Шветсария содирот шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Хадамоти гумрук маълумот медиҳад, ки дар давоми солҳои 2017-2021 “молҳои гуногун”-е аз кишвар ба хориҷа содирот шудааст, вале дақиқ накардааст, ки ин кадом молҳо аст. Ин ниҳод гуфтааст, ки дар ин панҷсола аз Тоҷикистон молҳое, ки дар бораи он маълумот нест, ба кишварҳое чун Русия, Чин, Италия, Ӯзбекистон, Афғонистон, Қирғизистон, Эрон, Олмон, ИМА, АМА ва чанде дигар бароварда шудааст. Талошҳои мо ҳам барои муайян кардани ин маълумот бенатиҷа буд.
Ҳамин тавр, дар мавқеи 10-ум содироти костюм, компект, курта, блайзер, шим ва шортикҳо барои мардҳо қарор дорад, ки ба ИМА, АМА, Италия, Шветсария, Русия, Беларус, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон фурӯхта шудааст. Аз сабаби он, ки истеҳсоли ин мавод дар мо кам аст, шояд қисме аз он содироти маҳсулоти ҳамсоякишварҳо бошад.
Содироти маҳсулот аз Тоҷикистон сол аз сол меафзояд ва Тоҷикистон давоми солҳои 2017-2022 дар маҷмӯъ ба маблағи 9 миллиарду 144 миллинону 200 ҳазор доллари ИМА маҳсулот содирот кардааст.
Ҳушдор ба ҷаҳон ва таъсиси хилофат. Изҳороти Амири Толибон чӣ паём дорад?
Тоҷикистон истеҳсоли пахтаро зиёд карда, содироти онро кам мекунад
Толибон эълон карданд, ки теъдоди артиши худро то 200 ҳазор сарбоз афзоиш медиҳанд
Биноҳои обод гарданд хароб... Маҷмааи Истиқлоли шаҳри Хуҷанд кай обод мешавад?
Зироати ғалладона дар Қазоқистон ва Русия арзон шуд. Дар Тоҷикистон ҳам мешавад?
Тоҷикистониёнро дар моҳи апрел чӣ гуна обуҳаво интизор аст?
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Душанбе меояд
Роҳандозии хатсайрҳои ҳавоии Nordwind ба Душанбе аз Оренбург ва Самара
Пас аз боздошти журналисти “The Wall Street Journal” Амрико аз шаҳрвандонаш хост, Русияро тарк кунанд
“Муҳофизи Норак”. Раисе, ки маоши худро ба муаллимон медод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста