Соли гузашта Чин ба соҳаҳои истихроҷи маъдан, омодасозии нахи бофандагӣ, истихроҷи сангҳои қимматбаҳо, интиқол ва тақсими қувваи барқ ва сохтмони Тоҷикистон 256, 8 млн доллари ИМА сармоя ворид кардааст, ки аз ин 191,8 млн доллари ИМА сармояи мустақим ва 64,9 млн сомонӣ дигар намуди сармояҳо мебошад.
Саъдӣ Қодирзода, раиси кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар нишасти матбуотии рӯзи 14-уми феврал гуфт, сармоягузорони асосии Тоҷикистон дар соли гузашта Чин, Туркия ва Русия буданд.
Ба иттилои ӯ, дар нуҳ моҳи соли гузашта Русия ба Тоҷикистон 26,4 млн доллари ИМА сармоя ворид кардааст.
“Дар соли 2023 вобаста ба ҷалби бештари сармоя бо шарики стратегии худ корбарӣ мекунем. Аз ҷумла, дар моҳи марти соли 2023 дар доираи сафари сарвазири Русия баргузории бизнес-форум ба нақша гирифта шудааст, ки имзои чанд созишномаи нав дар назар аст. Итминон дорем, ин ҳамоиш ба ҷалби бештари сармоя ба мамлакат ва таъсиси корхонаҳои муштарак такони ҷиддӣ хоҳад шуд”, - гуфт Саъдӣ Қодирзода.
Ӯ дар робита ба ҷалби сармояи мушаххас дар доираи ин сафар иттилоъ надод ва гуфт, баъди баргузории мулоқот ва имзои созишномаҳо ҳаҷми сармоя маълум хоҳад шуд.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар робита ба ҳаҷми сармояи Туркия, ки ба гуфтаи ӯ дуввумин сармоягузорӣ Тоҷикистон дар соли гузашта аст, маълумот пешниҳод накард.
Дар ҳамин ҳол, Саъди Қодирзода эътироф кард, ки дар ҷаласаи солонаи ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҷалби сармояи хориҷиро ба кишвар интиқод кардааст.
Ӯ гуфт, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти мамлакат бояд ягон вақт қонеъкунанда набошад ва ҳамеша кам аст.
“Мо бояд ҳарчӣ зиёдтар сармоя ҷалб кунем”, - гуфт раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ.
Ӯ афзуд, дар робита ба ҷалби сармоя дар соли 2023 баргузории бизнес-формуҳо ва намоиши Тоҷикистон дар сатҳи байнидалатӣ вобаста ба имкониятҳои сармоягузории кишвар дар назар аст ва онҳо мехоҳанд бо ин роҳ ба Тоҷикистон ҳарчӣ бештар сармояи хориҷиро ҷалб кунанд.
“Дар соли 2023 зиёда аз 20 форуму ҳамоиш ба нақша гирифтаем. Соли равон вобаста ба ҷалби сармоя бо Русия, Британияи Кабир ва Швейтсария мулоқот дар назар аст. Вобаста ба таҳия ва ба имзо расонидани якчанд созишномаи сармоягузорӣ, аз ҷумла дар самти истихроҷ, ки ба иқтисоди мамлакат муҳим мебошад, корбарӣ идома дорад”, - гуфт Саъдӣ Қодирзода.
Ба иттилои расмӣ, дар соли 2022-ум 2,4 млрд доллари ИМА ба иқтисодиёти мамлакат сармояи хориҷӣ ворид карда шуд, ки аз ин сармояи мустақим 429, 2 млн доллари ИМА ва зиёда аз 2 млрд доллар дигар сармояҳо мебошад.
Раиси Кумитаи сармоягузорӣ гуфт, ҳаҷми сармояи ҷалбшуда нисбат ба соли 2021-уми афзоиш ёфтааст, вале оид ба ҳаҷми афзоиш омори мушаххас наовард
“Аз рӯи тақсимоти соҳавӣ, сармояи мустақим ба соҳаҳои истихроҷи маъдан 85 фоиз, истеҳсолу коркард 13 фоиз, сохтмон ва дигар соҳаҳо 1,7 фоиз равона шудааст”, - гуфт Саъдӣ Қодирзода.
Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи Барномаи қарзҳои давлатии хориҷӣ ният дорад, ки дар се соли наздик баҳри татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар ҳаҷми 1 млрд 160 млн доллар қарзи хориҷӣ дастрас кунад.
Аз ҷумла, соли 2021 ҷалби 452,9 млн, соли 2022 - 459,7 млн ва соли 2023 - 246,8 млн доллар ба нақша гирифта шудааст.
Дастрасии ин маблағҳо асосан аз ҳисоби Бонки аврупоии таҷдиду рушд, Бонки исломии рушд ва Бонки ҷаҳонӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ аз ҷониби Бонки осиёии рушд, Фонди Саудии рушд, Фонди Кувайтии рушд, Бонки содиротиву воридотии Чин (Эксимбонк), Бонки аврупоии сармоягузорӣ, Бонки авруосиёии рушд ва дигар мададрасонон маблағгузорӣ мешаванд.
Муҳим дониш не, зоҳир аст? Чӣ гуна ҳуқуқи хонандагон дар мактабҳои Тоҷикистон поймол мешавад?
“Дар Русия бо муҳоҷирон тоҷик муносибати дағал мекунанд”. Номаи эътирози Омбудсмени тоҷик ба ҳамтои русаш
Вазорати нақлиёти Русия пешниҳод мекунад, ки дар Тоҷикистон марказҳои захираи бор сохта шавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Кайфари паймоншиканӣ”
Азобу машаққати пахтакорӣ. Деҳқонон умеде надоранд, ки фоидаи зиёд мегиранд
Кадом дастаҳо ба финали Ҷоми футболи Тоҷикистон баромаданд?
Эмомалӣ Раҳмон ва Валентина Матвиенко дар чӣ бора суҳбат карданд?
“Аз номам сӯиистифода мекунанд”. Саидмурод Давлатов дар бораи қаллобон ва дуруст сарватманд шудан суҳбат кард
“Дар гулӯяш теғ гузошта, пул гирифт”. ВКД аз боздошти гурӯҳе хабар дод, ки дар Русия муҳоҷирони тоҷикро ғорат мекардаанд
Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон сафар кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста