Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон дар майдони 25 ҳазор гектар пунбадона кишт шудаааст, ки каме бештар аз 13%-и нақшаро ташкил медиҳад. Имсол дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ аз 186 ҳазор гектар 426 ҳазор тонна ҳосили пахта ба даст овардан мехоҳанд.
Дар ҳамин ҳол, дар баробари афзоиши истеҳсоли пахтаи хом, мақомот ният доранд, ки содироти нахро 17 дарсад коҳиш диҳанд.
Ин маънои онро дорад, ки аз ҳисоби афзоиши коркарди пахта, дар ҷумҳурӣ бештар корхонаҳо таъсис ёфта, ҷойҳои кории зиёд фароҳам оварда мешавад.
Қаблан зикр гардида буд, ки айни замон дар корхонаҳои саноати сабуки Тоҷикистон ҳамагӣ аз панҷ як ҳиссаи нахи пахтаи дар ҷумҳурӣ истеҳсолшуда коркард мешавад.
Аввали соли равон Вазорати кишоварзии ҷумҳрӣ пахтаро яке аз маҳсулоти кишоварзии афзалиятнок дар соли 2023 номбар кард.
Дар Тоҷикистон асосан ду навъи пахта - маъмулӣ ва маҳиннах парвариш мешавад, ки нахи онҳо аз 30 то 40 фоизро ташкил медиҳад.
Бино ба маълумоти сохторҳои бахши иқтисодии кишвар, дар қаламрави ҷумҳурӣ зиёда аз 100 корхонаи коркарди пахта амал мекунанд, ки дар онҳо беш аз 100 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол мешавад. Аз ин миқдор ҳамагӣ ҳудуди 20 ҳазор тоннаи он дар корхонаҳои нассоҷии кишвар истифода мешавад.
Тибқи маълумоти ifcmarkets.com, нархҳои ҷаҳонӣ ба пахта дар ҳудуди 80-86 доллар ббарои 100 фунт (45,36 кг) нигоҳ дошта мешаванд. Яъне 1 кило пахта тақрибан 1,8 доллар нарх дорад, аммо тибқи пешгӯии коршиносон, то тобистон он бояд то 2,2 доллар боло равад.