Мақомоти Тоҷикистон ҷараёни бақайдгирии ҳуҷҷатҳоеро, ки барои машғул шудани ба сохтмон дар кишвар иҷоза медиҳанд, соддатар карданд.
Бино ба иттилои сомонаи Хадамоти иҷозатномадиҳии шаҳрсозии назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон, акнун ҳуҷҷатҳоро дар шакли электронӣ ба қайд гирифтан мумкин аст.
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд ҳуҷҷатҳои худро дар сомонаи www.kifs.tj ба қайд гузоранд.
“Ин иқдом бар асоси дастуру фармоишҳои президенти кишвар, ки дар ҷаласаи ҳукумат дар мавриди масъалаи густариши ҷараёни рақамикунӣ садо доданд, амалӣ шуд”, - гуфта мешавад дар хабар.
Танҳо сарватмандон ба сохтмон машғул шуда метавонанд
Мақомот қаблан барои сангинтар кардани талабот ба бинокорон ҷиҳати ҳимоя аз манфиатҳои саҳмдорон ва моликон, инчунин пешгирии ба таври сунъӣ дароз кардани муҳлати сохтмон, тадбирҳо рӯйи даст гирифтанд.
Тартиби нави аз ҷониби Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе тасдиқшуда аз санҷиши қарзи ширкати бинокор аз андоз, пешниҳоди нишондиҳандаҳои техникиву иқтисодӣ ва уҳдадориҳо оид ба маблағҳо дар суратҳисоби алоҳидаи бонкӣ иборат аст.
Ширкати бинокор бояд аз рӯйи ҳуҷҷат доштани суратҳисоби бонкиро, ки дар он на камтар аз 20% аз арзиши умумии иншооти сохтамешуда нигаҳдорӣ мешавад, тасдиқ намояд.
Ширкатҳое, ки бори аввал ба сохтмон машғул мешаванд, танҳо як биноро сохта метавонанд, ба бунёди маҷмааи биноҳо бошад, танҳо ба ширкатҳои таҷрибадор иҷоза дода мешавад.
Ҳамчунин шартҳои эътирофи ширкати сохтмон ҳамчун “мушкилдор” муайян карда шуданд, ки аз оғози корҳои сохтмон бидуни пардохтҳои ҳатмӣ, риоя накардани меъъёрҳои сохтмон, худсарона сохтани биноҳои иловагӣ ва ошёнаи дар лоиҳа мавҷуднабуда, инчунин гузаштани вақти ба истифода додани иншооти сохтмон ба муҳлати беш аз 6 моҳ иборатанд.
Қобили зикр аст, ки айни замон сохтмони биноҳои истиқоматӣ дар Тоҷикистон хеле дар ҳоли рушд аст.
Бино ба маълумоти Агентии омори ҶТ, соли 2022 дар Тоҷикистон 1701,5 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шудааст, ки 119% нисбат ба соли гузаштаро ташкил медиҳад.
"Шуълаи орзу". Филми мустанад дар бораи ҷавоне, ки мушкилиҳои зиндагӣ ӯро қаҳрамон кард
Истаравшан шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шуд. Ин шаҳр бо чӣ машҳур аст?
Ду медали Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
“Мехост хонаи давлатиро хусусӣ кунад” Ҷузъиёти боздошти роҳбари дастгоҳи шаҳри Истиқлол
Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард
“Пул надоштам”. Милитсияи пойтахт навори ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи “Як такси”-ро нашр кард
Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср
"Ба ихроҷ омода шавед". Дар Русия амалиёти “Нелегал-2024” мегузарад
Боздошти сардори Идораи беҳдошти замини Абдураҳмони Ҷомӣ бо гумони заминфурӯшӣ
Як сокини Қубодиён барои қасди куштори ҳамсараш 16 сол равонаи зиндон шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста