Байни Тоҷикистону Эрон парвози чаҳорум дар як ҳафта барқарор мешавад. Аввалин парвоз дар масири Теҳрон-Душанбе-Теҳрон рӯзи панҷшанбеи 8-уми июн сурат хоҳад гирифт. Дар ин бора Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон дар саҳифаи расмиаш дар “Фейсбук” хабар додааст.
Ӯ навиштааст, ки чорумин парвози мустақим байни Эрону Тоҷикистон аз сӯи ширкати ҳавопаймоии "Вориш" роҳандозӣ хоҳад шуд.
“Бо пайгириҳои анҷомшуда ва мувофиқати Созмони ҳавопаймоии кишварии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорумин парвози мустақим ба мақсади рифоҳи ҳоли шаҳрвандони азизи ду кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Эрону Тоҷикистон ва осонии сафари сайёҳон анҷом мешавад”, - гуфтааст ӯ.
Ба иттилои номбурда, парвози мустақими чаҳорум, ҳар ҳафта дар рӯзи панҷшанбе соати 7:00-и субҳ аз Фурудгоҳи байналмилалии эмом Хумайнии Теҳрон ба Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе анҷом ва баргашти он ба Теҳрон дар соати 12:30 ҳамон рӯз хоҳад буд.
Бояд гуфт, ки аз соли 2019, се парвози мустақим тавассути ширкати ҳавопаймоии "Вориш"ва "Сомон айр" дар рӯзҳои якшанбе ва ҷумъа дар масири Теҳрон-Душанбе-Теҳрон ва дар масири Машҳад-Душанбе-Машҳад низ дар рӯзҳои панҷшанбе барқарор шудааст, ки тибқи барномаи ҷадид ин парвоз дар рӯзҳои сешанбеи ҳар ҳафта анҷом хоҳад шуд.
Сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфтааст, “қабл аз барқарории ин парвозҳои мустақим, шаҳрвандони азизи ду кишвар ногузир буданд аз масири ғайри мустақим ва аз тариқи кишварҳои сеюм мусофират намоянд, ки илова бар афзоиши хароҷоти сафар, сабаби тулонӣ шудани замони сафар низ мешуд”.
Ӯ бо ишора ба ба тавсеаи равобити ду кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабон ва имзои тафоҳумномаи густариши ҳамкориҳо дар бахши сайёҳӣ ва афзоиши теъдоди мусофирон умедвории афзоиши бештари парвозҳо байни ду кишвар шудааст.
Рӯзи 13-уми июни соли 2022 парвозҳои мустқим дар хатсайри Теҳрон-Душанбе-Теҳрон оғоз шуда буд, ки дар як ҳафта ду парвоз аз сӯи ширкати ҳавопаймоии эронии “Iran air” ва тоҷикистонии “Сомона Эйр” анҷом дода мешуд.
Баъдан, охири соли гузашта, як парвози дигари мустақим ба самти Машҳад-Душанбе-Машҳад рӯи даст гирифта шуда буд, ки дар маҷмӯъ, дар як ҳафта се парвоз ба ҳисоб мерафт.
Афзоиши нархи патент дар Русия дар соли 2025. Дар кадом шаҳр чӣ қадар мешавад?
Варзишгоҳи нави Душанбе кай ба истифода дода мешавад?
Муаррифони шоиста. Соли 2024 киҳо Тоҷикистонро машҳур карданд?
Муҳлати афви маблағ ва амволи шаҳрвандон бори чаҳорум тамдид шуд
Дар пайи суқути ҳавопаймо ва марги 179 кас дар Куриё. Эмомалӣ Раҳмон ба и.в президенти ин кишвар ҳамдардӣ кард
Ду китоб ва 3 тавсия аз узви ИНТ. Чӣ гуна метавон узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шуд?
Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент ба номи Олим Бобоев гузошта шуд
Дар Соли нав дар кишвар барф намеборад. Ҳаво чӣ гуна хоҳад буд?
Путин қонуни манъи таҳсили фарзандони муҳоҷирон, ки забони русиро намедонанд, имзо кард
Идгардак, либоси бегона, пешвози ҳоҷиҳо ва бо мошин ба мактаб рафтан. Соли 2024 боз чиро расман манъ карданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста