Қитъаи роҳи мошингарди Қизилқалъа - Бохтар, ки яке аз қитъаҳои калидии шоҳроҳи байниминтақавии Душанбе - Бохтар ба шумор меравад, охири ҳафтаи гузашта ба истифода дода шуд.

Тавре ки маркази матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар маросими ифтитоҳи он вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, президенти Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICA)  Акихико Танака ва Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Тошихиро Аики иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сурат: Вазорати нақлиёти ҶТ

Дар Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ зикр мекунанд, ки корҳои сохтмонии лоиҳаи таҷдиди қитъаи Қизилқалъа-Бохтар дар роҳи автомобилгарди “Душанбе-Бохтар” моҳи июни соли 2021 оғоз ёфтанд.

Маблағи умумии гранти ҷудошуда аз ҷониби ҳукумати Ҷопон 3,2 млрд йени ҷопонӣ (тақрибан 31 млн доллари амрикоӣ)-ро ташкил медиҳад. Фармоишгари лоиҳа Вазорати нақлиёти ҶТ, машваратчӣ ширкати ҷопонии “CTI Engineering international, Co., Ltd.” ва пудратчии асосӣ ширкати ҷопонии “Dai  Nippon Construction” мебошанд.

Гуфта мешавад, 24 апрел дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон  президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонии лоиҳа шинос шуда, ба сифати корҳои сохтмонӣ ва саҳми мутахассисони ҷопонӣ баҳои баланд дод.

Дар Вазорати нақлиёт бар ин назаранд, ки роҳи лоиҳавӣ дар заминаи татбиқи ҳадафҳои стратегии ҳукумати Тоҷикистон, бахусус раҳоӣ бахшидан аз бунбасти коммуникатсионӣ бунёд гардидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.