Байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Фонди байнулмилалии рушди ОПЕК рӯзи 20 декабр ба маблағи умумии 18 млн доллар созишномаҳои қарзӣ ба имзо расид. Маблағҳо ба амалисозии ду лоиҳа дар Тоҷикистон равона мегарданд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, санадҳо аз ҷониби вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва директори генералии Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ доктор Абдулҳамид Алхалифа имзо шуданд.
Созишномаи аввал ба маблағи 10 млн доллар ба амалисозии марҳилаи якуми лоиҳаи “Таҷдиди роҳи автомобилгарди Гулистон – Фархор – Панҷ – Дӯстӣ” дахл дорад.
“Ҳадафи асосии лоиҳа баланд бардоштани самаранокӣ ва сифати шабакаи роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистон ва мусоидат ба рушди иқтидори транзити байналмилалии кишвар мебошад, - гуфта мешавад дар хабар. - Ин созишнома пурра аз ҳисоби маблағҳои қарзи имтиёзноки Фонди ОПЕК маблағгузорӣ мегардад”.
Созишномаи дуюм ба маблағи 8 млн доллар ба татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳаи “Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф” равона мегардад.
Ин лоиҳа бо мақсади мусоидат ба беҳтар намудани муҳити омӯзиш ва таҳкими низоми маориф дар Тоҷикистон тариқи навсозӣ ва васеъ гардонидани дастрасӣ ба инфрасохтори мактабӣ, ташкил ва тавсеаи низоми омӯзиши пайвастаи касбии омӯзгорон, ҷорӣ намудани арзёбии миллии омӯзиш ва мониторинги дастовардҳои таълим амалӣ мешавад.
Ба иттилои манбаъ, маблағгузории ин лоиҳа низ пурра аз ҳисоби қарзи имтиёзноки Фонди мазкур сурат мегирад.
Дар Тоҷикистон мақоми Ваколатдори нав таъсис дода мешавад
Боздошти ҷавони 18-сола бо гумони куштори як сокини Ҳисор
Дар Тоҷикистон беш аз 1 млн тонна картошка истеҳсол шуд, лекин чаро он арзон нест?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Се моҳӣ дар обгир”
СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2024
Ҷорӣ гардидани пардохтҳои ғайринақдӣ сатҳи коррупсияро кам кард?
Эмомалӣ Раҳмон 28-уми декабр паёми худро ба парлумон ироа мекунад
БОР пешгӯии рушди иқтисоди Тоҷикистонро бо сабаби афзоиши вуруди пул боло бурд
Ҳубара ё дуғдоғ. Парандаи соли 2025 дар Тоҷикистон интихоб шуд
Такмили эътимод ва мубориза бо хабари дурӯғ. Баррасии ҳамкории котибони матбуотӣ ва рӯзноманигорон дар Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста