Зимни нишасти матбуотии рӯзи 7 феврал дар Душанбе муовини аввали сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон Нуралӣ Қурбонзода изҳор намуд, ки фаъолияти моливӣ ва хоҷагидории субъектҳои машғул ба истеҳсол, интиқол ва тақсимоти неруи барқ доимо таҳлил мешавад.
Ӯ зикр кард, ки соли 2023 гурӯҳи корие, ки назди ин Хадамот таъсис дода шуд, пас аз таҳлили семоҳаи фаъолияти ин субъектҳо ба хулосае расид, ки тарифҳо ба неруи барқ боло бурда шаванд.
Қурбонзода қабули чунин қарорро комилан асоснок медонад, зеро тибқи арзёбии ӯ, хароҷоти субъектҳои зикршуда сол то сол зиёд мешаванд.
“Болоравии музди меҳнати кормандон, сарфи маблағҳо барои сӯзишворӣ ва дигар хароҷот”-ро, ки ба арзиши аслии неруи барқ таъсир мерасонанд, ӯ аз ҷумлаи чунин хароҷот унвон кард.

Аз ҷумла, Қурбонзода таъкид дошт, ки дар Душанбе Марказҳои барқу гармидиҳӣ кор карда, барои истеҳсоли неруи барқ ва гармӣ гази табиӣ, ангишт ва мазут мехаранд ва он ба арзиши умумии барқ таъсир мерасонад.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти расмии оморӣ, соли 2023 дар Тоҷикистон ҳудуди 95%-и неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ ва танҳо каме бештар аз 5%-аш дар марказҳои барқу гармидиҳӣ истеҳсол шудааст.
Барои муқоиса - дар Ӯзбекистони ҳамсоя зиёда аз 80%-и неруи барқ дар марказҳои барқу гармидиҳӣ истеҳсол шуда, лекин арзиши барқ барои аҳолӣ дар ин кишвари ҳамсоя пасттар аст.
Ба ин тариқ, тариф барои истеъмолгарони маишӣ дар Тоҷикистон аз 1 январи соли равон ба андозаи 16% боло рафта, арзиши 1 киловатт соат неруи барқ ба 30,75 дирам (2,8 сент) расид.
Дар Ӯзбекистон бошад, аз 1 октябри соли 2023 аҳолӣ барои 1 киловатт-соат неруи барқ 295 сӯм (2,4 сент) пардохт мекунад.
Қобили зикр аст, ки мувофиқи арзёбии энергетикҳо, арзиши аслии барқи дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсолшуда нисбат ба барқе, ки дар марказҳои барқу гармидиҳӣ истеҳсол мешавад, бамаротиб пасттар аст, зеро барқ дар марказҳо аз ҳисоби истифодаи сӯзишворӣ (газ, ангишт) истеҳсол мешавад. Дар неругоҳҳои барқи обӣ бошад, танҳо пардохти роялти (андози махсус) лозим буда, истифодаи об бепул аст.





Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Тоҷикистон ва БОР стратегияи шарикиро барои солҳои 2026-2030 ба имзо расониданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста