Дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушд рӯзи 10 июн дар Душанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои калидӣ ва ҳадафҳои Тоҷикистонро дар доираи Стратегияи миллии рушд то соли 2030 номбар кард.

Сарвари давлат зимни суханронӣ дар ҷаласа зикр кард, ки тайи 7 соли ахир барои дастгирии табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ қариб 22 млрд сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ба гуфтаи ӯ, ин маблағҳо барои беҳбуди сифати ҳаёти оилаҳои камбизоат ва маъюбон равона карда шуданд, ки қисмати муҳими Стратегияи миллии рушд маҳсуб меёбад.

Коҳиши камбизоатӣ

Тибқи Стратегияи миллии рушд баланд бардоштани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ аз 22,4 фоизи соли 2015 то 50 фоиз дар соли 2030 пешбинӣ гардида, ҳукумати мамлакат дар ҳафт соли минбаъда ҷиҳати то 10 фоиз паст кардани сатҳи камбизоатӣ вазифадор гардидааст.

Ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Агентии омор супориш дода шуд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд методологияи муайян намудани сатҳи табақаи миёнаи аҳолиро, бо дарназардошти хусусиятҳои хоси кишвар, таҳия карда, дар нимаи дуюми соли 2024 барои баррасӣ ба ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Молия

Гарчанде ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз оғози татбиқи Стратегияи миллии рушд то имрӯз 1,6 баробар зиёд шудааст, вале ин ҳанӯз кофӣ нест.

Зеро барои татбиқи стратегияи мазкур 118 миллиард доллар пешбинӣ гардидааст.

Сарвари давлат изҳор намуд, ки барои чорабиниҳои марҳалаи якуми он 125 миллиард сомонӣ зарур буд, ки он ҳамагӣ 72 фоиз маблағгузорӣ шудааст.

Вазъи маблағгузории чорабиниҳои марҳалаи дуюми он низ беҳбудиро тақозо менамояд.

Тибқи таҳлилҳо эҳтиёҷоти молиявӣ барои татбиқи ҳадафу афзалиятҳои стратегӣ барои давраи солҳои 2021 – 2030 беш аз 90 миллиард доллар муайян шудааст, ки ҳиссаи буҷети давлатӣ ва шарикони рушд дар он 53,7 фоизро (49,7 миллиард доллар) ташкил медиҳад. Ҳиссаи боқимонда ба бахши хусусӣ рост меояд.

Ба ҳукумат дастур дода шуд, ки ҷиҳати дарёфти сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда ва иҷрои чорабиниҳои Стратегияи миллии рушд ҳамкориро бо шарикони рушд густариш дода, ҳамзамон бо ин, ҷиҳати фароҳам овардани фазои мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи хусусии дохиливу хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ андешад.

Ҳамкориҳои қолабӣ

Ҳарчанд ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд барнома ва нақшаҳои кории Чаҳорчӯби ҳамкорӣ оид ба рушди устувор барои солҳои 2023-2026 бо маблағгузории 368 миллион доллар тасдиқ гардидааст, вобаста ба вазъи ҷаҳони имрӯза кифоя нест.

Дар баробари ин, айни замон танҳо 36 фоизи сарчашмаҳои маблағгузории барномаи мазкур муайян мебошад.

Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки дар доираи Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд масъалаи дарёфти сарчашмаҳои иловагии маблағгузории раванди милликунонӣ ва маҳалликунонии Ҳадафҳои рушди устувор дар Тоҷикистон бори дигар баррасӣ карда шавад.

Тандурустӣ

Президент таъкид дошт, ки бахши тандурустӣ яке аз соҳаҳои афзалиятноки стратегия ба шумор меравад. Дар ин радиф, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди кишвар 2827 муассисаи тиббӣ сохта шуда, ҳоло дар соҳа татбиқи 15 стратегияву барномаи миллӣ бомаром идома дорад.

Танҳо дар соли 2023 барои соҳаи тандурустӣ 3,3 миллиард сомонӣ ҷудо гардида, 132 муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ сохта ба истифода дода шуд.

Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сифат ва самаранокии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва таҳкими иқтидори миллӣ барои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар соҳаи тандурустӣ лоиҳаи «Миллати солим», ки маблағи умумии он беш аз 630 миллион сомонӣ мебошад, амалӣ шуда истодааст.

Васеъ гардидани дастрасӣ ба хизматрасониҳои тандурустӣ ба фарогирии пурраи аҳолии мақсаднок бо ваксинаҳои ба барномаҳои миллӣ дохилшуда, кам шудани шумораи гирифторони бақайдгирифташудаи бемории сил ба 26 фоиз ва шумораи сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ба 19,5 фоиз мусоидат намуд.

Ҳамчунин тайи солҳои 2015 – 2022 фавти модарон 70 фоиз ва кӯдакон 36 фоиз коҳиш ёфта, дарозумрии миёнаи аҳолӣ то 76,3 сол боло рафт.

Демография ва зерсохтор

Дар ин давра суръати афзоиши солонаи аҳолӣ 2,3 фоизро ташкил намуда, аҳолии Тоҷикистон аз 8,5 миллион ба беш аз 10 миллион нафар расид, яъне нисбат ба соли 2015 қариб 20 фоиз зиёд гардид.

Вобаста ба ин, зарурати бунёди муассисаҳои нави иҷтимоӣ, бахусус, иншооти таълимию тиббӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба миён омадаст, ки сарбориро ба буҷети давлатӣ зиёд намуда истодааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.