Чанде пеш Тоҷикистон аз Русия 27 вагони мусофирбар харид, ки айни замон дар роҳ ба ҷумҳурӣ мебошанд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 24 июл вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Азим Иброҳим хабар дод.

"Барои таҷдиди пурраи парки роҳи оҳани ҷумҳурӣ ба сурати умум боз харидани 1000 вагон ва 2-3 локомотив зарур аст", - изҳор дошт вазир.

Тибқи маълумоти Вазорати нақлиёт, дар корхонаҳои таъмири вагонҳои КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 92 вагон аз таъмири асосӣ бароварда шудаанд, ки аз онҳо 89-тоашон боркаш ва 3-тоашон мусофирбар мебошанд.

Ба иттилои манбаъ, 24,1% вагонҳои боркаш (474 адад), 76,6% вагонҳои мусофирбар (300) ва 36,6% локомотив (16) мавриди истифода қарор доранд.

Тавре пештар Азим Иброҳим хабар дода буд, бисёре аз локомотиву вагонҳои боркаш ва мусофирбарро бинобар ба охир расидани мӯҳлати истифодаашон иваз кардан лозим аст.

Дар маҷмӯъ, 1471 вагони боркаш, 300 вагони мусофирбар ва 44 локомотив дар ихтиёри КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” қарор доранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.