Воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар доираи тавозуни индикативӣ дар нимсолаи аввали соли равон 524,2 ҳазор тоннаро ташкил дод. Дар ин бора Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Аз ҷумла, ин маҳсулоти нафтӣ иборатанд аз:
- 236,6 ҳазор тонна бензин;
- 223,2 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ;
- 22,7 ҳазор тонна сӯзишвории реактивӣ;
- 62 ҳазор тонна мазут;
- 27,9 ҳазор тонна битум;
- 5,4 ҳазор тонна мавод (равғанҳо)-и молиданӣ;
- 8,2 ҳазор тонна гази моеъ.
Дар Вазорати энергетика зикр мекунанд, ки воридоти маводи сӯзишворӣ аз Русия дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 14,3% (65,6 ҳазор тонна) афзудаааст, ки 54%-и тавозуни индикативиро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз соли 2013 Тоҷикистон маводи сӯзишвориро аз Русия бар асоси имтиёзнок мегирад.
Тоҷикистон ҳар сол то аввали моҳи сентябр ҳаҷми зарурии маҳсулоти нафтиро ба Русия пешниҳод мекунад, ки соли оняда он аз пардохти боҷи содиротии гумрукӣ озод карда мешавад.
Мақомоти салоҳиятдори ду кишвар то 1 октябр ҳаҷми истифодаи дохилиро дар Тоҷикистон барои соли оянда мувофиқа карда, дар бораи интиқоли ҳаҷми мушаххаси маҳсулоти нафтии Русия ба ҷумҳурӣ қарордод (тавозуни индикативӣ) ба имзо мерасонанд.
Ҳаҷми дархостшуда барои соли 2024, ки охири соли гузашта онро тарафҳо мувофиқа карда буданд, зиёда аз 970 ҳазор тонна муайян шуда буд.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Вазорати энергетика, дар зарфи 6 моҳи соли равон ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ зиёда аз 783,8 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ворид карда шудаас, ки 10,3% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад.
Ҳамчунин дар нимсолаи аввал аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 156,5 млн тонна метри мукааб гази табиӣ интиқол дода шудааст, ки 57,6 млн метри мукааб зиёдтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта аст.